Озмоиши ваксинаи зидди коронавируси амрикоӣ қатъ шуд

Озмоиши ваксинаи зидди коронавируси амрикоӣ қатъ шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Ширкати Johnson & Johnson озмоиши ваксинаи зидди коронавирусро ба далели мубтало шудани як нафар иштироккунандаи озмоиш ба бемории номаълум қатъ кард. Дар ин бора маркази матбуотии ширкати дорусозии ИМА хабар дод.
Дар ҳоли ҳозир Кумитаи мустақили назорати маълумот ва амнияти иштироккунандагони тадқиқот вазъияти нафареро, ки бемор шуд, меомӯзад. Мутахассисони мустақили тиббӣ низ дар ин ҷараён иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ширкати Johnson & Johnson рӯзи 23 сентябр марҳилаи савуми озмоиши клиникии ваксинаи худро оғоз кард. Дар озмоиш 60 ҳазор нафар довталаб аз 8 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ