Режими ниқобпӯшӣ: Навбат ба Кореяи Ҷанубӣ расид

Режими ниқобпӯшӣ: Навбат ба Кореяи Ҷанубӣ расид

  • Post category:Ҷаҳон


Кореяи Ҷанубӣ аз 13 октябр дар ҷойҳои ҷамъшавии мардум ва нақлиёти умумӣ ниқобпӯширо маҷбурӣ кард. Дар ин бора идораи назорат ва беҳсозии (профилактика) бемориҳои Кореяи Ҷанубӣ хабар дод.
Ҳар касе, ки ба ниқобпӯшӣ амал намекунад, то 100 ҳазор вон (85 доллар) ҷарима пардохт хоҳад кард. Роҳбарони масъул барои риоя накардани кормандон ба ниқобпӯшӣ то 3 миллион вон (2600 доллар) ҷарима хоҳанд супурд.
Рӯзи гузашта дар Кореяи Ҷанубӣ 102 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Шумори умумии мубталоёни вирус дар кишвар ба 24 805 нафар расидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ