Масъалае, ки дер боз ҳалли худро интизор аст

Масъалае, ки дер боз ҳалли худро интизор аст

  • Post category:Ҷамъият

Рӯзи 12-уми октябр дар ҳокимияти вилоят конфронси матбуотии навбатии Э. Турдимов баргузор гардид.

Ҳокими вилоят Э. Турдимов дар оғози он аввал ба ҳозирон дар бораи вазъи имрӯзаи соҳаҳои иҷтимоӣ-­иқтисодии вилоят мухтасар ахбор дод. Сипас ба саволҳои журналистону блогерҳо посух гуфт.
Аксарияти саволҳо роҷеъ ба пешниҳоди ӯ дар бораи бар асоси қонунӣ ташкил кардани фаъолияти хизматгорзанҳои хона («оқсочҳо») буданд:
– Дар ҷамъомади видеоселектории роҳбари давлатамон, ки ҳафтаи гузашта баргузор гардид, масъалаҳои дар ҷомеа баланд бардоштани нақши занҳо ва ҷавонон, инчунин таъмини шуғли онҳо мавриди муҳокима қарор ёфт, – гуфт Э. Турдимов ба чунин саволҳо посух дода. – Ман чун роҳбар аз вазъияти имрӯзаи бозори меҳнатӣ хабардор ҳастам. Мувофиқи маълумотҳо ҳоло аз вилоятамон 246 ҳазор нафар одам, аз ҷумла 72 ҳазору 800 нафар занҳо дар хориҷа бо фаъолияти меҳнатӣ машғуланд. Аксарияти онҳо дар Россия, наздик ба ҳафт ҳазор нафарашон дар Туркия шуғл меварзанд.
Бисёрии онҳо хизматгорзани хона буда, ба кӯдакону бачаҳои хурдсол низ нигоҳубин мекунанд. Вале масъалаи дар асоси қонунӣ ба роҳ мондани меҳнати онҳо то имрӯз ҳал нашудааст. Бояд гуфт, ки аз ҳамин сабаб ҳоло дар диёри мо ва хориҷа низ ҳолатҳои ба намояндагони ин касб бо назари паст нигоҳ кардан, шаъну қадру қимати онҳоро зери по кардан ба назар мерасанд. Дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора хабарҳо кам нестанд. Ҳатто воқеаҳои бо марги хизматгорзанҳо анҷомёфта рӯй доданд. Бинобар ин, ҳангоми ҷамъомади мазкур бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳое, ки машғули ин навъи меҳнатанд, ташкил кардани чунин марказҳои таълимиро пешниҳод намуда будам. Мутаассифона, баъзеҳо онро нодуруст фаҳмиданд. Шояд ин аз сабаби истифодаи калимаи «оқсоч» (хизматгорзан), ки дар забони ӯзбекӣ аз қадим маъмул буду ҳоло хеле кам истифода мебаранд, рӯй дод. Вале қаблан ва ҳоло низ шахсони бо чунин фаъолият машғул ҳастанд.
Ҳоло, мутаассифона вазифаи чунин марказҳоро одамони «ӯҳдабаро» аз вазъият истифода бурда, ғайриқонунӣ иҷро мекунанд ва музди хизмати худро, ки гирифтанд, муносибатҳои байни кордиҳанда ва хизматкунанда дигар ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеояд. Дар натиҷа ҷабри онро ҳамон кордиҳанда ва хизматкунанда мекашанд. Бинобар ин, барои ба занҳое, ки хоҳиши бо ин навъи меҳнат машғул шудан доранд, омӯзондани ҳуқуқу масъулият ва ташкил кардани созмони такмили ихтисоси онҳо чунин марказҳоро мувофиқи мақсад донистам.
Дар конфронси матбуотӣ иштирок кардани ҳатто намояндагони воситаҳои ахбори оммавии ҷумҳуриятӣ ва блогерҳо аз дигар ҳудудҳои диёрамон имрӯз то чӣ андоза масъалаи дер боз ҳалли худро интизор ва нозук будани бозори меҳнатӣ, аз ҷумла фаъолияти мардикорон ва хизматгорзанҳоро нишон дод. Маҳз бо саъю кӯшиш ва чунин пешниҳодҳо метавон онро ҳал кард.

Баҳодур РАҲМОНОВ,
Тошқул АЗИМОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ