«Шифокор бояд фидокор, масъулиятшинос ва ғамхор бошад

Дар асоси лоиҳаи қарори Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев «Дар бораи куллан такмил додани сохтори бозомӯзии кадрҳои Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд ва афзунсозии самаранокии он» Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд ба донишгоҳ табдил хоҳад ёфт. Ин донишкада дар Осиёи Марказӣ кӯҳнатарин маърифатгоҳи тиббӣ ба ҳисоб рафта, соли 1930 ташкил гардидааст. Боиси ифтихор аст, ки собиқ хатмкунандагони он на танҳо дар Ӯзбекистон, инчунин аксарияти ҷумҳуриятҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, дар қитъаи Амрико, Канада, давлати Исроил, Русия, Олмония ва ғайра кор мекунанд.
Мусоҳибаи мо бо ректори донишкадаи мазкур, доктори фанҳои тиб, профессор Ҷасур Ризоев дар бораи фаъолияти донишкада ба вуқӯъ пайваст.
– Муҳтарам Ҷасур Олимҷонович, аввало шуморо бо рӯзи шаҳри Самарқанд ва ба вазифаи сарвари ин боргоҳи илмӣ таъин гардидан табрик мегӯем.
– Ташаккур! Воқеан, ба сайқали рӯйи замин – Самарқанди бостонӣ, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст, омадан ва дар яке аз донишкадаи бонуфуз фаъолият бурдан шараф ва масъулият мебошад. Бовар кунед, бори нахуст ба курсии ректор нишастаму вуҷудамро ҳаяҷон фаро гирифт. Охир дар ин боргоҳи илм беш аз 40 ҳазор нафар мутахассисони дипломдори соҳаи тиб таҳсил гирифтаанд, ки дар байни онҳо академикҳо Ҳамид Мансуров, Ислом Зокиров, Мӯсабоев, Ғуломов, Орифов ва дигарон ҳастанд.
Нахустин ректор Лев Немсович буда, он айём ҳамагӣ 160 нафар ба хондан қабул шудаанд. Сипас, Ю. Недосеков, (1935–1942), Х. Зоҳидов (1942–1945), Р. Абдуллоев (1945–1951), А. Одилов (1951–1955) М. Мирзомуҳаммадов (1959–1961) М. Ҳаитов, У. Ваҳҳобова, А. Шамсиев дар донишкада роҳбарӣ кардаанд.
Ҳоло дар боргоҳи тиббӣ қариб 5 ҳазор талаба сирру асрори табобатро меомӯзанд, ки ба онҳо беш аз ҳазор нафар устодон сабақ медиҳанд. Барои асрори табобатро омӯхтан шароитҳо муҳайёст.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки пас аз ба донишгоҳ табдил ёфтани донишкадаи мо нуфузу эътибори он дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам афзун хоҳад шуд. Дар оянда аз хориҷа низ довталабон қабул шуда, таҳсил дар андозаи байналхалқӣ ҷараён мегирад. Ҳоло сохтмони иншооти нав ба охир мерасад. Пас аз ба истифодабарӣ супурда шудани бинои нави замонавӣ парастуҳои аввалин аз Ҳиндустон омада таҳсил хоҳанд гирифт.
– Ҳамкорӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ чӣ хел аст?
– То имрӯз бо бист кишварҳои Аврупо ва 6–7 давлатҳои Осиёи Марказиву Япония шартнома ба имзо расид. Дар байни онҳо Донишгоҳи миллии Чувашистон (Русия), Донишгоҳи миллии Тернопол (Украина), мактаби олии Полша, Донишгоҳи тиббии Белоруссия ва ғайра ҳастанд. Минбаъд таҷриба иваз кардани донишҷӯён ва муаллимону профессорон ба нақша гирифта шудааст. Хатмкунандагон соҳиби ду диплом – донишгоҳи тиббии Самарқанд ва хориҷӣ, яъне мамлакати таҳсил гирифтаашон мешаванд. Зеро мақсади мо ба рейтинги 1000-гонаи мактабҳои олии беҳтарини дунё ворид шудан аст.
– Инак, соли хониши нав оғоз ёфт. Ҷараёни таҳсил чӣ хел мебошад?
– Имрӯзҳо дар тамоми дунё муаммои асосӣ – вируси тоҷдор аст. Мо қабл аз оғози соли хониши нав тайёрии ҳамаҷониба дидем. Ҳамаи маводи таҳсилро ба формати электронӣ дар шабакаи махсус ҷойгир намудем. Ҳоло талабаҳои мо дар шакли онлайн таҳсил мегиранд. Лекин иқрор шудан лозим, ки устодону шогирдон пазмони утоқҳои дарсӣ ва шакли таълими анъанавӣ мебошанд. Воқеан, дар соли хониши 2020–2021 беш аз ҳазор нафар номи донишҷӯйро гирифтанд. Аксарияти онҳо факултаи навтаъсиси табобати халқиро маъқул донистанд.
– Ба фикри шумо табобат чист ва шифокор кист?
– Ҳиппократ таъкид кардааст, ки дар байни санъат санъати табобат олиҷаноб аст. Адиби тавонои рус Чехов менависад, ки пешаи табиб ҷасорат ва он касб садоқату фидокорӣ, қалбу фикри тозаро талаб мекунад. Мӯъҷизаи табобат эътибори дақиқназаронаи шифокорон ба беморон аст. Сӯҳбати маҳрамона, дилнишин ва чеҳраи кушоди табиб оғози шифо ёфтани шахси хаста мебошад.
Имрӯзҳо дар тамоми дунё, аз он ҷумла, дар кишвари мо бо пандемияи «COVID‑19» мубориза мебарем. Табибони мо дар ин самт фидокорона меҳнат мекунанд. Афсӯс, аллакай чанд нафар ҳамкасбони мо қурбони он шуданд. Ин фидокории онҳоро садоқат ба касб ва савганди Ҳипократ гӯем хато нахоҳад шуд.
– Аҷиб, чӣ сабаб шуд, ки шумо пешаи табибиро интихоб кардед?
– Бобоям духтури дандон буданд. Ман кори ӯро дӯст доштам. Тақдирро бинанд, ки падари бузургворам панҷ маротиба ба Донишкадаи тиббии Тошканд ҳуҷҷат супорида, бахташон натофт. Шояд аз ҳамон сабаб таъкид мекарданд, ки орзуяшон касби боборо гирифтани ман аст. Камина пас аз хатми мактаби таълими умумии рақами 254-уми пойтахт шомили Донишкадаи тиббии Тошканд шудам. Солҳои таҳсил бештари вақти ман болои китобҳои дарсӣ гузашт. Донишкадаро бо дипломи имтиёзнок хатм карда, таҳти роҳбарии профессор Ҳайдар Комилов рисолаи номзадӣ ва сипас профессор Абдуҷаббор Бобоҷонов рисолаи докториро ҳимоя намудам. Бо гузашти айём устод шуда, 14 нафар шогирдонам унвонҳои илмӣ гирифтанд.
Имсол дар Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд имтиҳонҳои қабул чӣ хел гузаштанд?
– Талаби асосии Президентамон решакан кардани коррупсия аст. Мо барои шаффофият аз камераҳои назоратӣ пурсамарона истифода бурдем. Лекин дар ин самт бисёр меҳнат карданамон лозим. Умед аст, ки ин иллат аз байн меравад. Зеро бо устодони таъмагир, худписанд, мунофиқ муросо нахоҳем кард. Аллома Ҷалолиддини Румӣ байте дорад:
Чун диҳад қозӣ ба дил ришват қарор,
Кай шиносад золим аз мазлуми зор?!
– Ҳар як шахс «хоббӣ» – машғулияти дӯстдошта дорад…
– Агар ман табиб намешудам, албатта санъаткор мешудам. Гап дар сари он, ки аз бачагӣ суруд хонданро дӯст медорам. Ҳатто бо ҳофизони номдор Муҳриддин Холиқов (руҳашон шод бод!), Азим Муллоҷонов ва дигар санъаткорон тавассути оинаи нилгун борҳо баромад карда будем. Ҳозир ҳам гоҳ-­гоҳ дар нишастҳои оилавӣ ва тадбирҳо захма ба тор зада, табъи мухлисонро болида месозам. Доир ба сарварони давлат, саркардаҳо, олиму фозилон китобҳоро варақ мезанам. Асари безаволи «Ал-­қонун»-и Ибни Сино китоби рӯимизии ман аст.
– Ҳоло дар донишкада «стипендияи ректор» ҷорӣ шудааст. Он ба чӣ гуна донишҷӯён дода мешавад?
– Президентамон дар ҷамъомади селекторие, ки бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён баргузор гардид, таъкид карданд, ин толибилмони болаёқатро мебояд ҳаматарафа дастгирӣ намуд. Ана барои чӣ мо «стипендияи ректор»-ро ҷорӣ кардем. Донишҷӯёни аълохон, дар корҳои ҷамоатӣ фаъол ва ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷ дар асоси хулосаи комиссияи махсус ба миқдори 5 баробари стипендия рағбатнок мегарданд. Ин маблағ ҳар моҳ дода мешавад.
– Мӯҳтарам Ҷасур Олимҷонович, мақсадҳои оянда аз чиҳо иборатанд?
– Мақсади асосӣ тайёр кардани кадрҳои баландихтисос мебошад. Чунки пешаи табибӣ инсонпарварист ва масъулиятшиносӣ аст.

Мусоҳиб З.ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ