Қоидаҳои гузаронидани Форуми байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои инсон дар Самарқанд тасдиқ гардид

Қоидаҳои гузаронидани Форуми байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои инсон дар Самарқанд тасдиқ гардид

  • Post category:Ҷамъият

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 22-юми июни соли 2020 «Дар бораи тасдиқ намудани Стратегияи миллии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон доир ба ҳуқуқҳои инсон» қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 9-уми октябри соли 2020, таҳти рақами 641 «Дар бораи тасдиқ намудани Консепсияи Форуми Самарқанд оид ба ҳуқуқи инсон ва Регламенти Форуми Самарқанд оид ба ҳуқуқи инсон» имзо гардид.
🔰 Мақсади асосии Форуми Самарқанд доир ба ҳуқуқҳои инсон аниқ кардани муаммоҳои мавҷуда ва андешидани чораҳо бобати бартараф кардани онҳо тавассути мубодилаи таҷрибаи байналхалқӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, боз ҳам беҳтар намудани имиҷи мусбии байналхалқии Ӯзбекистон дар ин соҳа мебошад.
📌Форуми Самарқанд доир ба ҳуқуқҳои инсон дар ҳар ду сол як маротиба дар моҳҳои октябр-­ноябр гузаронида мешавад. Бо пешниҳоди Кумитаи ташкилӣ доир ба гузаронидани форум дар дигар вақт низ гузаронидан мумкин аст.
🏢 Мақомоти кории Форуми Самарқанд доир ба ҳуқуқҳои инсон Маркази миллии доир ба ҳуқуқҳои инсони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон мебошад.
📌 Дар форум намояндагони сохтори таркибии СММ, ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ доир ба ҳуқуқҳои инсон, институтҳои миллӣ, парламентҳо, судҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вакилони институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, экспертҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ, олимон, коршиносон, рӯзноманигорон ва дигар намояндагони ҷамоатӣ иштирок мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ