Ривоҷёбии сохтор боз ҳам назаррас мешавад

Ривоҷёбии сохтор боз ҳам назаррас мешавад

  • Post category:Ҷамъият

Дар ин давр низ, ки тамоми дунё лаҳзаҳои санҷиширо аз сар мегузаронад, диққату эътибори давлатамон ба сохтори таълим кам нашудааст. Соли равон танҳо дар вилояти Самарқанд бисёр биноҳои замонавии мактабҳо қад рост карданд, 56 мактабро тармим ва таъмир намуданд. Ба ин корҳои бунёдкорӣ дар асоси барномаи инвеститсионӣ 128 миллиард, аз ҳисоби маблағҳои бунёд (хазина)-и мубориза бар зидди инқироз ба миқдори 65 миллиарнд сӯм сарф карда шуд. Ғайр аз ин, бо ташаббуси ҳокими вилоят соли гузашта ва имсол барои ривоҷдиҳии сохтор ва дастгирии сохтори таълими халқ беш аз 102 миллиард сӯм сарф гардид.
Ба маврид аст алоҳида таъкид кунем, ки ба меҳнати ходимони сохтори ба зиммаи худ масъулияти тарбияи насли наврасро гирифта, аз ҷиҳати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ пурра кафолат дода шудааст. Дар сохтор баробари навсозӣ, оммавӣ гардондани технологияҳои замонавӣ ва таҷрибаи пешқадам манфиатдории моддии ходимон низ пайваста зиёд мешавад. Масъалаҳои рағбатнок кардани меҳнати омӯзгор ва мураббиён, ҳифзи саломатӣ ва ташкили истироҳати онҳо ҳамеша дар мадди назари иттифоқи касаба аст. Дар ин рӯзҳои санҷишӣ низ ба роҳ мондани робитаҳои ҳамкорӣ ва фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд. Дар натиҷаи саъю кӯшишҳо 73 ташкилоти ибтидоӣ ташкил гардида, 750 нафар шахсон ба узвияти иттифоқҳои касаба қабул карда шуданд. Ходимони ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷе, ки дар соҳа меҳнат мекунанд, ҳамеша дар маркази диққат буда, ба воситаи ташкилоти поёнии иттифоқҳои касаба аз ҳоли 7 нафар собиқадори ҷанг ва меҳнат, 216 нафар ҷанговари байналмилалчӣ ва 158 нафар ногиро хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддиву маънавии гуногун расонда шуданд. Ба оилаҳои камтаъмин, се нафар талабаи бепарастормонда стипендияи иттифоқҳои касабаро расонданд. Ба се нафар ногиро, ки дар ташкилотҳои соҳа кор мекунанд, роҳхатҳои сиҳатгоҳ дода шуд. Ба баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии ходимони соҳа низ эътибори алоҳида нигаронда мешавад.
Мисол, дар даври пандемия 129 муроҷиати хаттӣ, 104 шифоҳӣ ва 58-то ба воситаи «Телефони боварӣ» омада, ҳалли худро ёфтанд. Дар фароҳам овардани шароити хуби корӣ ба ходимон, зиёд кардани дараҷаи огоҳӣ аз қоидаҳои бехавфии меҳнат низ муваффақиятҳо ба назар мерасанд. Мисол, дар соли 2015 роҷеъ ба омӯхтани шароити меҳнат дар ҷойҳо, нишон додани роҳу маслиҳатҳои дахлдор 224 тадбир гузаронда шуд. Дар солҳои пасина шумораи онҳо беш аз 532–550-то шуданд.
Фарзандони оилаҳои камтаъминшуда, ки сарварони онҳо дар соҳа кор мекунанд, бо шартномаҳои ҷамоавӣ дастгирӣ карда мешаванд. Ба фарзандони ходимони соҳа асбобу ашёи таълим ва китобҳои дарсӣ тӯҳфа карданд.
Сол аз сол вазъи ривоҷдиҳии сайёҳии дохилӣ, ташкили саёҳати ходимони соҳа ба гӯшаҳои ободи диёрамон беҳтар мешавад. То ин вақт 57096 нафар ходимоне, ки дар сохтори таълим кор мекунанд, ҷойҳои сазовори диққати шаҳрҳои Тошканд, Хоразм, Бухоро, Зомин, Шаҳрисабз ва Нураторо зиёрат карданд. Саёҳатҳо дар самти сайёҳии дохилӣ ҳамеша бо риоя ба талаботи карантин амалӣ карда мешаванд. Фирмаи сайёҳии «Касаба Самарқанд»-и назди Иттиҳодияи ташкилотҳои иттифоқи касабаи вилоят саёҳатҳои имтиёзнок ташкил мекунад.
Сол аз сол шумораи ходимони соҳа, ки дар истироҳатгоҳҳои мамлакатамон саломатии худро беҳтар мекунанд, зиёд мешавад. Дар панҷ соли охир қариб 7 ҳазор нафар ходими соҳа бо роҳхатҳои имтиёзноки иттифоқи касаба таъмин карда шуданд.
Дар соҳа гузарондани зинаҳои гуногуни тадбирҳое чун «Меҳру эътибор ба ҳар як бача», «Спорт – пойдевори мустаҳками оила», «Падар, модар ва ман – оилаи спортчиён» ба ҳукми анъана даромадааст.
Қадр карда шудани меҳнати мураббиён, ислоҳотҳое, ки дар сохтор амалӣ мешаванд, шавқи ҷавононро ба соҳа зиёд мекунад. Ҷавонони ташнаи донишу зиё рӯз аз рӯз зиёд мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки ривоҷёбии сохтор боз ҳам назаррастар мегардад.

Ифтихор РАҲИМОВ,
ташкилотчии масъули Шӯрои ҷумҳуриятии иттифоқи касабаи ходимони таълим ва фан дар вилояти Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ