Баланд гардидани обрӯйи муаллим танҳо ба маош вобаста аст?

Баланд гардидани обрӯйи муаллим танҳо ба маош вобаста аст?

  • Post category:Маориф

(Давомаш.
Аввалаш дар шумораи гузашта)

Мақсад – баландбардории обрӯйи муаллим
Бо мақсади баландбардории обрӯву нуфузи омӯзгорон ҳар сол дар тамоми рӯйи дунё Рӯзи муаллимон – иди касбии кормандони соҳаи маориф ҷашн гирифта мешавад. Аз рӯйи анъана ин кор бо мақсади муайян кардани омӯзгорони бомаҳорат, дастгирӣ ва рӯҳбаландкунии онҳо, баланд бардоштани вазъи иҷтимоӣ ва обрӯю нуфузи касби педагогии онҳо амалӣ мегарданд. Он дар ҳар мамлакат дар санаҳои гуногун, мувофиқи анъанаҳои миллӣ, урфу одат, воқеаҳои муҳими таърихӣ, инчунин, ба хотираи шахсони машҳур гузаронида мешавад.
Дар бештар аз 100 давлати ҷаҳон Рӯзи байналхалқии омӯзгорон 5-уми октябр аст. Ин идро соли 1994 ЮНЕСКО таъсис додааст ва он ба рӯйхати рӯзҳои умумиҷаҳонӣ ва байналхалқии Созмони Милали Муттаҳид дохил аст.
Иди касбии омӯзгорони Хитой 10-уми сентябр ба ҳисоб меравад. Дар мамлакат барои баландбардории обрӯйи соҳибони ин касб — Рӯзи миллии муаллимонро соли 1985 расман таъсис додаанд.
Дар Ҳиндустон санаи ҷашнгирии Рӯзи муаллимон ба таърихи мамлакат алоқаманд аст: 5-уми сентябр рӯзи таваллуди президенти дуввуми Ҳиндустон Сарвеполли Радхакришнан мебошад. Дар ин рӯз талабаҳо ҷойи муаллимонро мегиранд ва ҳамчун омӯзгор дарс мегузаранд.
Дар Аргентина 11-уми сентябр мардум тамоми муаллимону мураббиёнро табрик мегӯянд. Ин рӯз ба хотираи Доминго Сарменто, ки солҳои 1865-1868 вазифаи вазири корҳои дохилӣ ва маорифро ба ҷо меовард, ҷашн гирифта мешавад. Маҳз ӯ таълими ибтидоии ҳатмиро ҷорӣ карда буд ва 800 муассисаи таълимӣ ва ҳарбиро ташкил кард. Ҳатто мактаби омӯзгоронро таъсис дода, ба ташкили китобхонаҳо асос гузошт.
Дар Бутан рӯзи 1-юми май ба шарафи зодрӯзи шоҳи саввум Ҷигм Дорҷи Вангчук, дар Чехия ба муносибати рӯзи таваллуди омӯзгори маъруф, асосгузори педагогикаи илмӣ Ян Амос Коменский Рӯзи муаллимон эълон шудааст.
Педагогҳои Полша 14-уми октябр, Ветнам – 20-уми ноябр, Индонезия – 25-уми ноябр, дар Таиланд 16-уми январ… иди касбии худро қайд мекунанд.
Дар Ӯзбекистони мо 1-уми октябр Рӯзи муаллимон ва мураббиён эълон шудааст. Дар арафаи ҷашни имсола Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев ба гурӯҳи калони омӯзгорони мамлакат, аз ҷумла аз вилояти мо 10 нафар муаллимону мураббиёнро бо орденҳои «Меҳнат шуҳрати», дараҷаи II «Соғлом авлод учун», «Дӯстлик», медалҳои «Содиқ хизматлари учун» ва «Шуҳрат» сазовор гардонд.
Поёни шаби сиёҳ сафед аст
Дар соҳаи таълими халқӣ фидоиёни касби худ зиёданд. Онҳоро бемактабу мактабро бе онҳо тасаввур кардан душвор аст. Яке аз онҳо омӯзгори фанни риёзиёти мактаби таълими умумии рақами 16-и ноҳияи Самарқанд Абдуфаттоҳ Қаҳҳорӣ мебошад.
Абдуфаттоҳ Қаҳҳорӣ худ ҳамин мактабро тамом кардааст. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар ҳамин таълимгоҳи зодгоҳаш 50 сол боз кор мекунад. Муаллими ду давра, ду системаи таълим ба ҳисоб меравад. Бештар аз 30 фоизи омӯзгорони имрӯзаи мактаб шогирдони ӯ мебошанд.
Инак, андешаҳои муаллими пуртаҷриба:
– Барои ман системаи таълими шӯравӣ маъқул буд. Он, ба назарам, ҳаматарафа ва мукаммал метобад. Таълим дар мактабҳои миёна ёздаҳ сол давом мекард. Вале дар давраи нав якбора ба системаи таълими 9-сола гузаштем. Дар ҳар куҷо коллеҷҳо сохтем. Коллеҷҳо аз мактабҳо дур буданд. Рафтуомади талабагон душвор гашт. Муаллим ба бухгалтер-­ҳисобчӣ мубаддал шуд. Ҳамаи инҳо, аз афташ, хатои мо буд. Шукр, ки ҳозир эътибор ба мактаб зиёд мегардад. Системаи маориф ва таълиму тарбия ба тартиб дароварда мешавад. Албатта, ҳамааш якбора не, оҳиста-­оҳиста ба низом медарояд.
Маоши муаллимон зиёд карда шуд. Дар оянда боз зиёд мешавад. Ин, албатта, ба обрӯю нуфуз ва самараи кори муаллимон таъсири мусбат мерасонад. Вале афсӯс, ки дар ин байн бо пешрафти кори мо Ковид‑19 пешпо зад. Мо маҷбур шудем, ки ба таълими масофавӣ гузарем.
Ҳоло бо хоҳиши падару модарон нисфи бачаҳо ба мактаб меоянду нисфашон дар хона нишаста, таълиму тарбия мегиранд. Бо ин тарзи таълим баъзе бачаҳои сустхон дарсҳоро нағз аз худ карда наметавонанд. Ин аҳвол дер давом намекунад. Ваксинаашро кор карда бароварданд. Иншооллоҳ, поёни шаби сиёҳ сафед аст.
Ман ба қарибӣ бо системаи таълими мактабҳои назди Балтика шинос шудам. Дар ҳар як синфи он мамлакатҳо то 20 нафар хонандагон таълиму тарбия мегирифтаанд. Дар мактабҳои мо чӣ? Мактаби мо 74 синф дорад. Дар ин синфҳо то 40–47-нафарӣ хонанда мехонад. Пештар хонандагони синф аз 30 нафар зиёд набуданд.
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Мо тарафдори он, ки ҳар як фард ба забони модарии худ таълиму тарбия гирад. Имсол ҳам ҳаракат кардем, ки ягон синфи тоҷикӣ кушоем, аммо муяссар нашуд. Хоҳишмандон 10–11 нафарро ташкил карданд. Бачаҳо аввал ба забони модариашон таълим гиранд, баъд ба кадом забоне набошад, бемалол маълумотгириашон осон мегардад.
Мавқеи мактабро рейтинги асосӣ – ба мактабҳои олӣ даромадани шогирдон нишон медиҳад. Имсол аз байни хатмкардагони 5 синф 31 нафар ба донишкадаву донишгоҳҳо дохил шуданд, ки ин боиси сарфарозии муаллимони мактаби мост.
Ренессанси саввум
Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар нутқи худ бахшида ба маросими тантанавии Рӯзи муаллимон ва мураббиён қайд кард, ки дар мамлакатамон баробари тағйиротҳои васеъмиқёси демократӣ, аз ҷумла, ба воситаи ислоҳоти соҳаи таълим дар Ӯзбекистон давраи нави Эҳё, яъне ташкили пойдевори Ренессанси сеюм ҳамчун мақсади асосӣ гузошта мешавад. Ба сифати вазифаи стратегӣ онро ба дараҷаи ғояи миллӣ бардоштан мехоҳем. Агар таълими томактабӣ, таълими мактабӣ, таълими миёнаи махсус ва олӣ, инчунин, муассисаҳои илмӣ-­маданӣ чор ҳалқаи узвии Эҳёи сеюм бошанд, мураббии боғча, муаллими мактаб, профессору омӯзгорон ва зиёиёни илмиву эҷодӣ чор сутунҳои такягоҳи давраи нави Эҳё гуфта ҳисоб кунем, падару модарон рукни панҷуми ин ҳалқаи Ренессансанд.
Дар ин сурат вазифаи омӯзгорон, мақсади таълиму тарбияи насли наврас чӣ хел ба роҳ монда шавад?
Санъат ҒАФУРОВ, тадбиркори маҳаллаи Деҳнави ноҳияи Самарқанд:
– Тарбияи бачаҳо, яъне насли наврас дар ҳама давру замон аз ҳама муҳим ба ҳисоб меравад. Маскани таълиму тарбия асосан мактаб мебошад. Бинобар ҳамин, моҳонаи омӯзгорон баланд бошад, хаёлашон ба дигар ҷо банд намешаванд. Аз пайи кори дуввум ё манбаи дигари даромад намедаванд. Албатта, баъде, ки моҳонаашон баланд шуд, тамоми диққату эътиборро ба кор мебахшанд. Мехонанд, аз навигариҳо бохабар мешаванд, бо роҳҳои нави инноватсионӣ ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мешаванд. Дар натиҷа сифату самараи кораш ҳам беҳтар мегардад.
Саодат ҒАНИЕВА, раиси ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи Гулободи ноҳияи Самарқанд:
– Устоду муаллим чу бувад камозор,
Хирсак бозанд кӯдакон дар бозор.

Беҳуда шоир ин сатрҳоро нагуфтааст. Дар ҳақиқат, муаллим пеш аз ҳама серталабу сахтгир бошад. Вай, ки ба хонандагон илму дониш меомӯзонад, бояд худаш аввало соҳибмаърифат бошад, аз ҳама гӯшаву канори соҳаи худ хабардор шавад.
Агар музди меҳнати муаллимон зиёд гардад, ҳар як муаллим дониши худро такмил медиҳад. Боз як чизи дигар ҳаст: агар омӯзгор дар ҳақиқат касби худро дӯст дорад, ба муваффақиятҳои педагогӣ бештар ноил мегардад.
Хотиррасон мекунем, ки мувофиқи рейтинги даҳгонаи беҳтарини системаи таълими мактабҳои дунё (3-юми октябри соли 2017) ба он мамлакатҳои Австралия, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Финландия, Норвегия, Сингапур, Нидерландҳо, Германия, Ирландия, Англия дохил мешаванд.
Дилором Абдураҳмонова, услубшиноси фанҳои забон ва адабиёти Садорати таълими халқи вилоят:
– Дар мамлакатамон бо роҳнамоии Президенти мӯҳтарамамон ба баланд бардоштани обрӯву эътибор ва нуфузи муаллимон эътибори калон дода мешавад. Бинобар ҳамин, муаллим ҳам, барои ба ҳамин обрӯ ва эъзозу эътибор муносиб шудан бояд аз таҳти дил, бо тамоми ҳастӣ ҳаракат кунад.
Омӯзгор, пеш аз ҳама ба тарзи доимӣ ба болои худ кор кунад, дониши худро бой гардонад, аз навигариҳои олам хабардор шуда, ба хонандагон дуруст расонад, онҳоро ба рӯҳи меҳру муҳаббат ва садоқат ба Модар-­Ватанамон тарбия карданро вазифаи асосӣ донад. Зеро ба онҳо бовар карда, бойигарии аз ҳама бебаҳои мамлакатамон – тарбияи ҷавонони ояндадор супорида шудааст.

Дар ҳамин бобат:
Тақдири ватанро тарбияи ҷавонон ҳал мекунад.
Аристотел.
Мақсади таълим – ба дарки олами атроф ва бедор кардани истеъдоди ботинӣ барои дар амал ҷорӣ сохтани худ ҳамчун шахс ва фаъолнокӣ дар бобати ҳамдарду ҳамнафаси мамлакати худ шудани хонандагон ёрӣ расонидан аст.
Кен Робинсон.
Таълим силоҳи аз ҳама пурқудрате барои он аст, ки олам дигар карда шавад.
Нелсен Мандела.

Бахтиёри ҶУМЪА.

(Давомаш).

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ