Олимони ҳинд: Қаланфури сиёҳ коронавируси навро саркӯб мекунад


Олимони Ҳиндустон 30 навъи зиравориро таҳлил карданд, то фаҳманд, ки оё ягонтои онҳо барои беҳтар кардани вазъияти саломатии мубталоёни коронавирус ёрӣ медиҳад. Натиҷаҳо нишон дод, ки қаланфури сиёҳ дар мубориза бо коронавирус коромад аст. Дар ин бора “Вечерняя Москва” хабар медиҳад.
Дар таркиби қаланфури сиёҳ моддаи пиперин вуҷуд дорад. Маълум шуд, ки қаланфури сиёҳ фаъолии он зарраҳои коронавируси навро, ки барои зиёд шудан ва ба организм дохил шудани он “масъул” мебошад, кам мекунад.
Олимони ҳинд мегӯянд, ки миқдори пиперин дар навъҳои қаланфури сиёҳ гуногун аст. Қаланфури сиёҳи Шри Ланка дар таркиби худ 15 дарсад пиперин дорад. Миқдори пиперин дар қаланфурҳои Ветнам, Ҳиндустон ва Малайзия аз 2 то 7 дарсад аст. Ҳамчунин, оксиген кушандаи пиперин аст ва ба ин далел, қаланфури кӯфташуда пиперин надорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ