Кристиано Роналдо гирифтори коронавирус шуд

Федерасиюни футболи Португалия эълом кард, натиҷаи озмоиши коронаи Кристиано Роналдо мусбат шудааст.
Ситораи маъруфи португалӣ, ки дар урдӯи тими миллии кишвараш барои бозӣ муқобили Швейтсария дар Лигаи миллатҳои Аврупо ҳузур дошт, ин бозиро аз даст хоҳад дод ва бояд ба карантин биравад.
Тибқи гузоришҳо Роналдо феълан алоими бемориро надорад, вале аз ҳамтимиҳояш дар тими миллӣ ҷудо шудаву зери назари пизишкон аст.
Бояд қайд кард, ки тибқи омори СҶБ шумори мубталоён ба вирус корона КОВИД-19 дар олам ба беш аз 38 миллион нафар (38 081 367 ) расид.
Танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар кулли кишварҳои олам 93 ҳазору 968 нафар сироятшудагони нав ба қайд гирифта шуданд ва аз ин беморӣ 1 ҳазору 681 нафар фавтиданд.
Теъдоди ҷонбохтагон ба коронавирус аз оғоз ба 1 086 017 нафар расид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ