Се шарти охирину таҳдидомези Тихановская ба Лукашенко Светлана Тихановская ба Александр Лукашенко “ултиматуми халқӣ” эълон кард.

Мухолифи асосии раисҷумҳури Белорус аз ҳукумати кишвар тақозо кард, ки то 25 октябр 3 шартро иҷро кунанд:

  1. Лукашенко бояд истеъфои худро эълон кунад,
  2. Зӯроварӣ дар кӯчаҳо комилан қатъ гардад,
  3. Ҳамаи маҳбусони сиёсӣ бояд озод шаванд.
    Тихановская таъкид мекунад, ки дар сурати иҷро нашудани ин шартҳо тамоми мардуми Белорус ба кӯчаҳо мебароянд ва аз 26 октябр дар ҳамаи ширкатҳо корпартоии миллӣ оғоз мегардад, мардум ҳамаи роҳҳоро мебанданд ва дигар касе аз мағозаҳои давлатӣ чизе харид намекунад.
    Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои истироҳатии гузашта Лукашенко дар боздоштгоҳи кумитаи давлатии амниятӣ (КГБ) бо мухолифони сиёсии худ, ки ҳабс шудаанд, чанд соат мулоқот кард. Баъзеҳо гуфтанд, ки ин мулоқоте буд, ки ҳамчун гуфтугӯву музокира нишон дода шуд.
    Тихановская афзуд, “Мо борҳо гуфтем, ки барои музокираҳо омода ҳастем. Вале, мулоқот аз паси панҷара ин гуфтугӯ нест. Саркӯб кардани мардуми худ баъди изҳори омодагӣ ба музокира ин гуфтугӯ нест. Ин террори давлатӣ аст”.
    Рӯзи душанбе дар Минск намоиши навбатӣ – “Роҳпаймоии нафақахӯрон” баргузор шуд. Пулис ба ин роҳпаймоӣ ҷавоби сахте дод ва чандин нафарро боздошт кард. Вазорати корҳои дохилии Белорус изҳор кард, ки дар сурати зарурӣ омода аст бар зидди эътирозгарон аслиҳаро ба кор андозад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ