Аз оғози сол то ба имрӯз 7 миллион нафар дар ҷаҳон аз гуруснагӣ мурданд


Аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз ҳадди ақал 7 миллион нафар дар ҷаҳон бар асари гуруснагӣ фавтиданд. Дар ин бора Дэвид Бисли, мудири Барномаи хӯроквории Созмони милали муттаҳид хабар дод.
Ба гуфтаи Бисли, дар натиҷаи пандемия гуруснагӣ дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон афзоиш ёфтааст.
Мутахассисон мегӯянд, ки барои мубориза бо гуруснагӣ дар шароити имрӯза дастикам 6,8 миллиард доллар зарур аст.
Бисли таъкид мекунад, ки пандемия метавонад боиси гуруснагии густурда дар ҷаҳон шавад. Ӯ гуфт, ки ҳолати имрӯза мумкин аст, ки кӯшишҳои то ба имрӯз анҷом ёфтаи созмонҳои байналмилалиро ба бод диҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ