Муносибат

Қарзи «раққоса»

Рӯзе ба тӯйи дугонаам рафтам. Як гурӯҳ дугонаҳо дар атрофи дастархон нишастем. Дастархон бо нозу неъматҳои гуногун ороста буд. Аз овози баланди баландгӯяк ҳеҷ кас чизеро намешунид. Ҳама саргарми хаёли худ менишастанд. Санъаткор суруд замзама менамуд. Чанд раққоса дар атрофи мизи мардон парвона буданд. Онҳо ба тарафи занҳо кам меомаданд. Чунки аксари занон пул намедоданд. Мардакҳо бошанд, аз ғояти шарм ва ноилоҷӣ, ки ҳар чӣ тезтар дур равад, пул дароз мекарданд. Саргарми хаёли худ, рақси соҳибтӯёнро тамошо карда менишастем, ки аз қафоям садои ошное баланд шуд:
– Ассалом, холаҷон. Ба тӯй омадед-мӣ?
Ҷониби овоз нигоҳ карда, ба чашмонам бовар накардам. Дар пешам духтари ҳамсоя – Машҳура дар тан либоси раққосӣ ва дар даст як даста пул рост меистод.
– Нашинохтед? – хандида гуфт.
– Не-е, шинохтам.
– Холаҷон, боз сӯҳбат мекунем, – гуфт ва худро ба миёни соҳибтӯён зад, ки пулчошӣ мекарданд.
Машҳура дар коллеҷи тиббӣ мехонд. Чӣ хел вай раққосагӣ мекунад? Ғайр аз ин, ба вафоти падараш ҳам муддати зиёде нашудааст. Ё ба раққосагӣ шавқ дошта бошад, – андешаҳои зиёд диламро такурӯ мекарданд.
Баъди чанд рӯз аз бозор бармегаштам, ки бо Машҳура рӯ ба рӯ омадем. 
– Ассалому алайкум, холаҷон, – гуфт ва аз дастам борхалтаро гирифт.
Ҳолпурсӣ намуда, аз саломатии модараш пурсон шудам.
– Саломатии модарам як навъ, – гуфт ва пас аз хомӯшии кӯтоҳ илова кард:
– Холаҷон, вай рӯз шумо маро дар дигар ҳолат дидед. Илтимос, ба модарам нагӯед. Фаҳманд, хафа мешаванд. Ман аз ноилоҷӣ ҳамон корро мекунам, – овози духтарак ларзид ва гиря кард.
– Чӣ шуд? Тинҷӣ аст? – ҳайрон шудам ман.
– Хабар доред, ки чанде пеш падарам вафот карданд. Бегоҳии ҳамон рӯз аммаам маро ба хонаи алоҳида ҷеғ зада гуфтанд, ки «падарат писар надорад. Ту ҳам писар ва ҳам духтари падарат ҳастӣ. Ҳоло покшӯй меояд. Ба вай либоси нав додан даркор. Баъд дар давоми 40 рӯз ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе бибихалифаҳо омада, тиловати Қуръон мекунанд. Одамон барои ҳамдардӣ меоянд. Ба онҳо дастархон карда, хӯроки гарм пухтан лозим. Ғайр аз ин, ба пеши бибихалифа, ходим ба болои кӯрпаю канпалҳо пул мемонем». Мани бепадар ҳайрон будам, ки ин миқдор пулро аз куҷо меёбам. Аммаам гуфтанд, ки аз ҳамсояашон қарз мегиранд. Бо мошин рафта, зуд бо пул баргаштанд ва онро ба дастам доданд. «Аммаҷон, ман ин қарзро чӣ тавр бозмегардонам?», гуфтам. Бепарвоёна «Чӣ тавр мешуд? Кор карда медиҳӣ, ҷони амма. Пул равад майлаш, обрӯ наравад», гуфтаанд. Ҳама маросими дафни падарамро хуб гузарондем. Ҳоло аммаам дари хонаи моро охурча карда, ҳар рӯз пулро пурсида меоянд. Мегӯянд, ки агар қарзро дода натавонем, ба суд медиҳанд. Худатон хуб медонед, ки модарам беморанд ва барои дорувориҳо ҳам пули зиёд лозим. Аз ин рӯ, маҷбур шудам, ки ба тӯй баромада, раққосагӣ кунам, – гуфт Машҳура оби чашмон равон.

Хосият НОРОВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ