Номзадии Жапаров аз ҷониби вакилони Жогорку Кенеш ба симмати сарвазирӣ тасдиқ карда шуд

Номзадии Садир Жапаров якдилона аз ҷониби вакилони Жогорку Кенеш ба симмати сарвазирӣ тасдиқ карда шуд.
Дар нишасти Жогорку Кенеш 83 вакил ҳузур доштааст, хабар емдиҳад Sputnik Қирғизистон.
Қарори парлумон акнун барои таъиноти ҳайъати ҳукумат ба президенти кишвар Сооронбой Жээнбеков равон карда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки нахуствазири ҷадиди Қирғизистон ҳафтаи гузашта пас аз тасхири кохи давлатии ин кишвар ба дасти тазоҳуркунандагон, аз зиндон озод шуд.
Садир Ҷапаров дар соли 2017 ба ҷурми созмондиҳии раҳпаймоӣ ва гаравгонгирии остондори минтақаи Иссиқкӯл ба 11 — у ним соли зиндон маҳкум шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ