Қазоқистон парвозҳоро бо чор кишвар кам мекунад

Қазоқистон парвозҳоро бо чор кишвар кам мекунад

Қазоқистон нақша дорад парвозҳо бо Украина, АМА, Олмон ва Белорусро дар робита ба бад шудани вазъияти ҳамагирии коронавирус дар ҷаҳон, коҳиш диҳад, хабар медиҳад, сарпизишки кишвар Ирлан Киясов.
«Бо дарназардошти вазъи номусоиди ҳамагирии коронавирус дар ҷаҳон, бо мақсади пурзӯр намудани назорат дар сарҳад ва пешгирии паҳншавии сироят, ҷаласаи комиссияи байниидоравӣ оид ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар Қазоқистон, масъалаи тақвияти чораҳо дар марз, аз ҷумла коҳиш додани парвозҳо бо Украина, Аморати Муттаҳидаи Араб, Олмон ва Белорусро дар миён гузошт «, — гуфт Киясов.
Дар Қазоқистон дар давоми шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии маризон ба 108 984, нафар баробар шуд.
Теъдоди фавтидагон дар ин кишвар ба 1776 расид.
Бино бар омори охир, аз аввали ҳамагирии коронавирус то кунун дар Қазоқистон беш аз 104 ҳазор кас ин вабои асрро ба хубӣ пушти сар кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ