Норвегия аҳолии худро бо ваксинаи зидди коронавирус бепул таъмин мекунад


Ҳукумати Норвегия шаҳрвандони худро бо ваксинаи зидди COVID-19 бепул таъмин мекунад. Дар ин бора Reuters хабар дод.
Эрна Сулберг, сарвазири Норвегия гуфт, “Мо мехоҳем, ки бо ваксинаи самарбахшу бехатар то ҳадди имкон одамони бештар таъмин шаванд. Ба ҳамин далел, ваксинаҳо бепул хоҳанд буд”.
Норвегия, ки ҳарчанд узви Иттиҳоди Аврупо нест, вале иштироккунандаи бозори ягонаи иттиҳод аст. Ин ба Норвегия имкон медиҳад ки дар чорчӯби тавофуқи Иттиҳоди Аврупо бо ширкатҳои истеҳсолкунандаи ваксина барои шаҳрвандонаш дору пайдо кунад.
То ҳол Иттиҳоди Аврупо бо 3 ширкати гуногуни истеҳсолкунандаи ваксина дар бораи хариди дору тавофуқнома имзо кардааст. Ҳамчунин, Шветсия барои мардуми худ ваксинаро барзиёд мехарад ва қисми зиёдатии ваксинаҳоро баъдан ба Норвегия мефурӯшад.
Дар ҳоли ҳозир дар Норвегия 15 ҳазору 793 нафар мубталои коронавирус шуданд. 277 нафар бар асари бемории COVID-19 фавтидаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ