Дар Қазоқистон содироти гази моеъ бо мошин манъ карда шуд

Бо фармони вазири энергетикаи Қазоқистон содироти гази моеъи нафтӣ тариқи нақлиёти автомобилӣ ба муддати се сол манъ шуд.
Бино ба иттилои сомонаи Вазорати энергетикаи Қазоқистон, ҳамчунин соли 2017 низ фармони ба ин монанд ба муддати се сол содир гардида буд. Моҳиятан Вазорат манъи содиротро боз ба муҳлати се соли дигар дароз кард.
Дар Вазорат таъкид месозанд, ки шабакаҳои ҷудогона газро, ки барои таъмини эҳиёҷоти дохилӣ пешбинӣ гардида буд,  ғайриқонунӣ ба берун аз ҳудуди Қазоқистон содирот мекарданд.
“Содироти ғайриқонунии сӯзишвории моеъи нафтӣ ба берун аз ҳудуди Қазоқистон тариқи нақлиёти автомобилӣ амалӣ мешавад, зеро назорати ин воситаи ҳамлу нақл қариб ғайриимкон аст”, — таъкид мешавад дар хабар.
Гуфта мешавад, пас аз роҳандозии тадбирҳо дар соли 2017 вазъи таъминоти бозори дохилӣ бо гази моеъ ба эътидол омада, аз мақомоти дахлдор доир ба далелҳои кӯшиши содироти он ба хориҷи кишвар маълумот нарасид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ