5 шаҳри Эронро карантин мекунанд


Шаҳрҳои Теҳрон, Машҳад, Исфаҳон, Караҷ ва Урмияи Эрон бо таваҷҷӯҳ ба саввумин мавҷи пандемияи коронавирус ба муддати 3 рӯз карантин мешаванд. Дар ин муддат ворид шудан ба ин шаҳрҳо ва хориҷ шудан аз онҳо манъ аст. Дар ин бора ТАСС ба нақл аз Сайидо Намакӣ, вазири тандурустии Эрон хабар додааст.
Ба гуфтаи Намакӣ, вазорати тандурустӣ дар бораи карантин кардани ин шаҳрҳо ба раисҷумҳури кишвар муроҷиат кардаанд ва Ҳасан Рӯҳонӣ ин қарорро қабул кардааст.
Алиризо Золӣ, раиси ситоди мубориза бо коронавирус дар вилояти Теҳрон дар миёни сентябр гуфта буд, ки дар минтақа саввумин мавҷи коронавирус мушоҳида мешавад. Рӯзи 3 октябр дар Теҳрон масҷиду ресторанҳо, толорҳои варзишиву зебоӣ ва музейҳо баста шуданд.
Дар ду ҳафтаи охир ҳамарӯза дар Эрон беш аз 3,5 ҳазор нафар мубталои коронавирус мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ