Оғози “ҷанг”-и Facebook бар зидди мухолифони “вакцинация”

Оғози “ҷанг”-и Facebook бар зидди мухолифони “вакцинация”


Facebook – бузургтарин шабакаи иҷтимоии ҷаҳон ба мухолифони эмкунӣ “ҷанг эълон кард”. Акнун, ҳар корбари Facebook, ки бо эмкунӣ мухолиф аст, наметавонад аз чандин имконияти шабакаи иҷтимоӣ истифода барад, ки реклама аз ин ҷумла мебошад.
Бар асоси қоидаҳои нави Facebook, гузоштани рекламае, ки дар он одамонро ба худдорӣ аз эмкунӣ, ҳатто аз зукоми (грипп) мавсимӣ даъват мекунанд, манъ мегардад. Дар зимн, барои гузоштани рекламае, ки аз сиёсати давлатӣ дар бобати ваксина тарафдорӣ мекунад, ё баръакс, ҳанӯз иҷозат ҳаст.
Дар баёнияи ширкати Facebook чунин гуфта мешавад, “Мақсади мо ёрӣ додан барои дастрас шудани паём дар бораи бехатару самарбахш будани ваксинаҳои ба одамон аст ва дар ин роҳ рекламаҳои дурӯғ, ки метавонад ба кӯшишҳои соҳаи тандурустӣ халал расонад, мамнӯъ мегарданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ