ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН ҲАЙАТИ НАВИ ҲУКУМАТРО ТАСДИҚ КАРД

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков имрӯз, 14 октябр фармонро «Дар бораи таъйин кардани сарвазир ва аъзои ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон» имзо кард, хабар медиҳад хабаргузории давлатии «КАБАР».
Тибқи фармони Президент, Садир Ҷапаров сарвазир, Артем Новиков — муовини аввали сарвазир, Максат Мамитканов, Аида Исмоилова, Равшанбек Собиров — муовинони сарвазири кишвар таъйин шуданд.
Инчунин бо фармони мазкур шахсони зерин таъйин шуданд: Руслан Казакбоев — Вазири корҳои хориҷӣ, Марат Ҷаманқулов — Вазири адлия, Киёлбек Мукашев — Вазири молия, Санҷар Мукамбетов — Вазири иқтисод, Улан Ниёзбеков — Вазири корҳои дохилӣ, Алмазбек Бейшеналиев — Вазири маориф ва илм, Алимқодир Бейшеналиев — Вазири тандурустӣ, маориф ва илм, Бакит Бердалиев — Вазири нақлиёт ва роҳҳо, Эркинбек Чодуев — Вазири кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва мелиоратсия, Бообек Ажикеев — Вазири ҳолатҳои фавқулода, Нурҷигит Қодирбеков — Вазири фарҳанг, иттилоот ва сайёҳӣ, Улуғбек Қучқоров — Вазири меҳнат ва рушди иҷтимоӣ, Жиргалбек Сағинбоев — Раиси Кумитаи давлатии саноат, энергетика ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, Алтинбек Исмоилов — Раиси Кумитаи давлатии технологияҳои иттилоотӣ ва алоқа.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ