Ӯзбекистон

Суди сайёр дар пости боҷхонаи «Ҷартеппа»

Дар бинои пункти боҷхонаи «Ургут ЭИЗ»-и дар таркиби пости боҷхонаи ТИФ «Самарқанд» буда, бо сарварии раиси Суди маъмурии ноҳияи Ургут А.Алимов суди сайёр баргузор шуд.
Дар он нозир-­муфаттиши калони пости боҷхонаи сарҳадии «Ҷартеппа» А.Қурбонов, фаъолони маҳалла, нозири профилактикии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия ва шахсоне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, инчунин вакилони ВАО иштирок карданд.
Дар маҷлиси суд корҳои оид ба 14 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар пости боҷхонаи сарҳадии «Ҷартеппа» аниқгардида дар асоси моддаи 245-уми Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дида шуд.
Нахуст, судя А.Алимов қайд намуд, ки мувофиқи вазифаҳои дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба Маҷлиси Олӣ муайянгардида, корҳои маъмурӣ дар маҷлисҳои сайёри суд дида мешавад ва барои шаҳрвандон қулайиҳо фароҳам меояд, ки ин бо мақсади ҷазо не, балки бо мақсади тарбия аст.
Сипас, корҳои маъмурии нисбати як гурӯҳ шахсон аз ҷониби Садорати боҷхонаи вилояти Самарқанд пешниҳодшуда дида баромада шуд ва ба онҳо чораҳои ҷазои дахлдор таъин гардид.
Хусусан, шаҳрванди Ӯзбекистон М.Ҷ. аз давлати ҳамсоя ба воситаи пости сарҳадӣ омада, дар ҷойҳои пинҳонии автомашинаи худаш таҳти русуми «ВАЗ‑2106» ва кисаҳои курткаи дуқабатааш ба миқдори зиёда аз 36 млн. сӯмина аппаратҳои телефони бесим ва аксессуарҳои онро ҷойгир карда, барои пинҳонӣ гузарондани он ҳаракат намуд ва нисбати ин ҳолат кори маъмурӣ кушода шуд.
Шаҳрванд М.Ҷ. мутобиқи қисми 2-юми моддаи 22721-и Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ айбдор дониста, ба қадри се баробари миқдори камтарини музди меҳнат ҷазои ҷаримавӣ таъин карда шуд. Аппаратҳои телефони бесим ва аксессуарҳои он мусодира гардид.


Хизмати матбуоти 
Садорати боҷхонаи вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ