Алиев: Нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон ҳашт деҳаи Кӯҳистони Қаробоғро тасарруф карданд


Нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон ҳаштто деҳаи Кӯҳистони Қаробоғро зери назорат дароварданд. Дар ин бора Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон рӯз 14 октябр дар сафҳаи худ дар Твиттер навишт.
Ба гуфтаи Алиев, артиши Озарбойҷон деҳаҳои Гарадагли, Хатунбулаг, Гараколлуи ноҳияи Фузулӣ, деҳаҳои Булутан, Меликҷанли, Кемертук, Теке ва Тагасери ноҳияи Хоҷавандро аз ишғолгарон озод кардааст.
Чанде пеш Нкол Пашинян, сарвазири Арманистон гуфта буд, ки Озарбойҷон омода аст, то дар Кӯҳистони Қаробоғ амалиёти ҷангиро оғоз кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ