Лавров: Русия ва Туркия дар бораи Қаробоғ ихтилофи назар доранд


Русия дар мавриди ҳалли муаммои Кӯҳистони Қаробоғ бо мавқеъияти Туркия розӣ нест. Дар ин бора Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар мусоҳибаи радиоӣ гуфт.
Ӯ гуфт, “Мо бо мавқеъияти Туркия бобати Қаробоғ розӣ нестем. Мо наметавонем бо баёния дар бораи мумкин будани ҳалли ҳарбии муаммо мувофиқат кунем. Аммо Туркия таъкид кард, ки Озарбойҷонро, аз ҷумла, амалиёти ҳарбии онро пуштибонӣ мекунад.
Ба гуфтаи Лавров, Русия бо Туркия дар иртибот аст ва дар мавқеъи худ, ки ҳалли сулҳҷӯёна роҳи ягонаи ҳалли муаммо аст, пойдорӣ мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ