Беш аз 59 ҳазор мубталои коронавирус дар Ӯзбекистон шифо ёфтанд

Беш аз 59 ҳазор мубталои коронавирус дар Ӯзбекистон шифо ёфтанд


Рӯзи 14 октябр дар Ӯзбекистон 317 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар ин бора вазорати ҳифзи тандурустӣ хабар дод.
Ҳамчунин, дирӯз 3 нафар бемор фавтиданд ва шумори умумии қурбониёни коронавирус ба 514 нафар расид.
Дар давоми рӯз дар саросари Ӯзбекитон 332 нафар бемор шифо ёфтанд.
Ҳоло шумори умумии мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон 62 055 нафар буда, 59 095 нафар аз онҳо шифоёфтагон мебошанд. Омори (статистика) шифоёфтагон 95 дарсад аст.
Дар ҳоли ҳозир дар бемористонҳои кишвар 2 446 нафар бемор муолиҷа мешаванд, вазъи 102 нафар аз онҳо хеле вазнин аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ