Дар Париж устухони камёби динозаврро ба нархи 2 миллиону 525 ҳазор евро фурӯхтанд

Дар Париж устухони камёби динозаврро ба нархи 2 миллиону 525 ҳазор евро фурӯхтанд

  • Post category:Ҷаҳон


Дар шаҳри Парижи Фаронса устухони камёби аллозавр дар музояда (ауксион) ба нархи 2 миллиону 525 ҳазор евро фурӯхта шуд. Устухонҳои сангшудаи аллозавр 150-миллионсола буда, онро дар иёлати амрикоии Вайоминг пайдо кардаанд. 70 дарсади устухони аллозавр ҳақиқӣ аст ва боқиро мутахассисон барои комил кардани қиёфаи он бо технологияҳои махсус сохтаанд. Ин яке аз устухонҳои комилтарин ва калонтарини динозавр мебошад. Дарозии он 10 метр ва баландиаш 3,5 метр аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ