ПУРСИШЕРО ПОСУХЕ

ПУРСИШЕРО ПОСУХЕ

Нархи гӯшт, тухм, равған ва якчанд маҳсулоти хӯроквории дигар афзуд. Сабаби он чист ва барои барқарор кардани нархҳои маҳсулоти мазкур чи гуна чораҳо дида мешаванд?
Эркин Акрамов, нафақахӯр аз маҳаллаи Чилсутуни шаҳри Самарқанд

Гӯшт, шакар, равған ва картошка муваққатан аз андози қимати иловагӣ озод карда мешаванд

Бо мақсади дастгирии аҳолӣ ва тадбиркорон, таъмини барқарории нархҳо дар даври пандемия ба Кодекси андоз иловаҳо дохил карда мешавад. Дар ин бора депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Расул Кушербоев маълум кард.

Бар асоси тағирот пешбинӣ шудааст, ки аз 15 — уми октябр зеринҳо аз андози қимати иловагӣ озод карда мешаванд:

  • то 1 — уми январи соли2021 ба Ҷумҳурияти Ӯзбекистон овардани шакар ва ашёи хоми шакар, инчунин гардишҳои фурӯши он;

то 1 — июли соли 2021 ба Ҷумҳурияти Ӯзбекистон овардани картошка, равғани растанӣ, гӯшти молу мурғ ва ғайра, ҳайвонот ва парранда ба таври зинда, инчунин гардишҳо аз фурӯши онҳо.

» Пешбинӣ шудааст, ки ин тартибот баробари аз хориҷа овардани маҳсулот барои тадбиркороне, ки бо ин фаъолият дар бозори дохилӣ машғуланд, мумкин истифода бурда шаванд. Бинобар ин матни лоиҳаи қонун дар муҳокимаҳои минбаъда ҳангоми таҳрир тағир дода шуд.

Ин дар навбати худ ба паст ва барқарор шудани нархҳои дар бозорҳо зиёд шуда истодаи равғани растанӣ, гӯшт ва маҳсулоти дигари истеъмолӣ оварданаш зарур аст», навиштааст Кушербоев дар канали худ дар телеграм.

Ба гуфти вай, лойиҳаи қонунро депутатҳо дастгирӣ кардаанд.Ба нақша гирифта шудааст, ки дар охири ҳамин ҳафта лоиҳаро ба муҳокимаи маҷлиси умумии Сенат мегузоранд.

Лойиҳаи қонунро бо ташаббуси намояндагони халқ К. Эрназаров, М. Қурбонбоев ва А. Умиров таҳия кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ