Бо шиносномаи Ӯзбекистон ба чанд кишвар бе виза рафтан мумкин?


Ӯзбекистон дар индекси навшудаи шиносномаи ширкати Henley & Partners ҷойи 83-вумро гирифт. Бо шиносномаи Ӯзбекистон мешавад ба 57 кишвари ҷаҳон бе виза сафар кард.
Тоҷикистон бо шиносномаи худ аз Ӯзбекистон 1 палла болотар ҷой гирифт. Тоҷикистониён метавонанд ба 58 кишвар бе виза сафар кунанд.
Қазоқистон дар индекс дар паллаи 67-ум ҷойгир шуд. Шиносномаи Қазоқистон ба шаҳрвандони худ “дарвозаҳо”-и 75 кишварро мекушояд. Қирғизистон дар паллаи 77-ум ҷойгир шуд. Бо шиносномаи Қирғизистон мешавад ба 63 рафт.
Шиносномаи қудратмандтарини ҷаҳонро Япония дорад. Бо шиносномаи Япония ба 191 кишвар бе виза рафтан мумкин аст. Сингапур (190 кишвар), Олмон ва Кореяи Ҷанубӣ (189 кишвар) дар паллаҳои баъдӣ қарор доранд.
Афғонистон, ки дар охири палла ҷойгир шуд. бо 26 кишвари ҷаҳон рафтуомади бе виза дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ