Акнун ҳамарӯза дар роҳи «Ангрен–Олмалиқ–Самарқанд» автобусҳо ҳаракат мекунанд

Акнун ҳамарӯза дар роҳи «Ангрен–Олмалиқ–Самарқанд» автобусҳо ҳаракат мекунанд


Аз имрӯз, 15 октябр ширкати давлатии “Uzautotrans service” дар хатсайи “Ангрен-Олмалиқ-Самарқанд” ҳаракати мунтазами автобусҳоро роҳандозӣ мекунад.
Автобусҳо ҳамарӯза дар соати 09.00 аз истгоҳи Ангрен ҳаракат мекунанд. Автобусҳо баъди таваққуф дар Олмалиқ соати 10.00 ҳаракати худро ба сӯи Самарқанд идома медиҳанд.
Нархи билет аз Ангрен то Самарқанд 50 ҳазор сӯм, аз Олмалиқ то Самарқанд 45 ҳазор сӯм мебошад. Билетҳо дар вокзалҳои Ангрен, Олмалиқ ва Самарқанд фурӯхта мешаванд.
Рақами (99) 808-47-42 барои муроҷиати шаҳрвандон фаъол аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ