Ҷанги бо Толибон дар Ҳилманд тақрибан 35 ҳазор афғонистониро оввора кард


Тақрибан 35 ҳазор нафар сокини вилояти Ҳилманд, ки дар ҷануби Афғонистон ҷойги аст, хонаву манзили худро тарк карданд. Чанд рӯзи охир дар ин вилоят нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон бо Толибон ҷанг мекунад. Нерӯҳои мусаллаҳи ИМА аз ҳаво ба Толибон, ки 80 дарсади вилоятро зери назорат дорад, ҳамла мекунад.
Шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилмандро ҳанӯз ҳукумат назорат мекунад. Сокинони оввора ҳоло дар шаҳр паноҳ мебаранд. Ҳазорон нафар оввора маҷбуранд, ки дар кӯчаҳо шабро рӯз кунанд, чун ҳукумат наметавонад онҳоро бо биноҳои холӣ ва чодарҳо таъмин кунад.
Ин ҷанги шадид дар ҳоле баргузор аст, ки дар Қатар намояндагони ҳукуматӣ ва толибон музокираҳои сулҳро идома доранд. Вале, ҳанӯз тарафҳо дар бораи шартҳои асосии сулҳ ба сари тавофуқ наомадаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ