Ҷапаров муваққатан сарвари Қирғизистон шуд


Садир Ҷапаров, сарвазири Қирғизистон эълон кард, ки ваколатҳои раисҷумҳури кишварро бар уҳдаи худ гириифт.
Ӯ дар суханронии худ дар назди тарафдоронаш гуфт, “Ин ғалабаи ҳақиқӣ аст. Раисумҳур Жээнбеков истеъфо дод. Раиси порлумони Канат Исаев ариза навишт, ки ваколатҳои раисҷумҳуриро иҷро карда наметавонад. Ба ин далел, ҳама маҷбурияту вазифаҳои раисҷумҳури кишвар бар уҳдаи ман вогузор шуд”.
Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта Сооронбой Жээнбеков эълон кард, ки барои пешгирӣ аз хунрезӣ дар кишвар аз мақоми раисҷумҳурӣ даст мекашад. Баъди истеъфои раисҷумҳур маҷбуриятҳои раисҷумҳур ба уҳдаи Канат Исаев, раиси порлумон бояд вогузор мешуд. Аммо ба гуфтаи Ҷапаров, раиси порлумон бо навиштани аризае аз раисҷумҳурии муваққатӣ худдорӣ кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ