Мирзиёев: Илм дар хуни мо, гени мо вуҷуд дорад. Ин марказ низ яке аз пойдеворҳои Ренесанси савум аст


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ҳоло бо корҳои бунёдкорӣ дар шаҳри Тошканд шинос мегардад.
Бинои нахустин, ки Мирзиёев ба дидани он рафт, Донишгоҳи илмҳои заминшиносӣ (геология) дар ноҳияи Мирзо Улуғбек буд. Сарвари кишварамон рӯзи 31 январ дар маросими оғози сохтусози бинои донишгоҳ иштирок карда буд. Дар ҳоли ҳозир як қисми сохтусози бино ба поён расидааст.
Дар чорчӯби лоиҳа барои донишгоҳ 6 бинои баландошён барпо мегардад ва 4 бино бозсозӣ мегардад.
Раисҷумҳур ҳангоми ҳузури худ дар майдони сохтусози биноҳои донишгоҳ гуфт, “Илм дар хуни мо, гени мо вуҷуд дорад. Ин марказ низ яке аз пойдеворҳои Ренесанс аст”.
Шавкат Мирзиёев 24 январи соли ҷорӣ дар муроҷиати худ ба Олий Маҷлис ва рӯзи 31 январ дар мулоқот бо намояндагони илму фан оиди рушди соҳаи заминшиносӣ вазифаҳои муҳимро муайян карда буд. Бар асоси он ҳоло системаи нави заминшиносӣ эҷод мегардад. Дар бораи ин соҳа 4 қарори раисҷумҳур қабул шудааст.
Донишгоҳи илмҳои заминшиносӣ маҷмӯъаи ҳамаи муассисаҳои илмии ҳамин соҳа хоҳад буд. Дар таркиби донишгоҳ 4 пажӯҳишгоҳ дохил шудааст. Пеш ин пажӯҳишгоҳҳо пароканда буданд. Ҳамчунин, музейи заминшиносӣ низ ба донишгоҳ мекӯчад. Дар як ҷо ҷамъ будани муассисаҳои заминшиносӣ ба ҳамкории наздики мутахассисон ва амалиёти илмии донишҷӯён дар озмоишгоҳҳо шароит месозад.
Сарвари кишварамон бо роҳбарони пажӯҳишгоҳҳо низ мулоқот кард. Ӯ гуфт, “Илму фан асоси рушди ҳамаи соҳаҳо аст. Агар пештар эътибор медодем, дар ин замина 15-20 дарсади аҳолиро бо кор таъмин мекардем. Ҳоло барои эҷоди шароит ба олимон кӯшиш мекунем, мулки зеҳниро нигоҳ медорем ва аз он пуштибонӣ мекунем. Мулки зеҳнӣ ҳам ба соҳиби он ва ҳам ба давлат фоида меоварад.
Мирзиёев таъкид кард, ки бояд сохтусози бино босифат ва озмоишгоҳҳо дорои технологияҳои замонавӣ бошанд:

  • Замина бояд мустаҳкам бошад. Мо ин донишгоҳро барои оянда месозем.
    Дар давоми мулоқот тақдимоти лоиҳаи марҳилаи дувум низ баргузор шуд. Дар марҳилаи дувум маркази матбуотӣ, маркази технологияҳои геоинноватсионӣ, таваққуфгоҳ барои автомобилҳо сохта мешаванд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ