Моҳигирон дар соҳили Индонезия бо наҳанги камёби якчашма дучор шуданд

Моҳигирон дар соҳили Индонезия бо наҳанги камёби якчашма дучор шуданд

  • Post category:Ҷаҳон


Моҳигирон дар соҳили Малукуи Индонезия наҳанги якчашмаро пайдо карданд. Дар ин бора Detik хабар медиҳад.
Дар доми моҳигирон як модар-наҳанг афтода ва мурда буд. Моҳигирон наҳанги якчашмаро аз шиками модар-наҳанг берун оварданд. Илова бар якчашма будан ранги наҳанг сафед буд.
Олимони маҳаллӣ мегӯянд, ки ин наҳанг бемориҳои сиклопия ва албинизм дорад. Сиклопия ин бемории бадшаклии мӯҳрадорон аст, ки дар натиҷаи чашмҳои ҷонвар як мешаванд. Одатан ҷонвароне, ки чунин беморӣ доранд, баъди таваллуд зуд мемиранд.
Албинизм бемории ирсӣ буда, дар организми ҷонваре, ки мубталои он аст, пигменти меланин вуҷуд надорад. Ранги ғайримуқаррарии пӯст, мӯй ва пашм аз нишонаҳои албинизм аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ