Иттифоқи касаба бояд ёрирасони мардум бошад
????????????????????????????????????

Иттифоқи касаба бояд ёрирасони мардум бошад

  • Post category:Ҷамъият

Дар кишвар бобати омӯхтан ва ҳал кардани муаммо ва мушкилоти зану духтарон, дастгирии моддӣ ва маънавии онҳо, таъмини шуғли бонувон чорабиниҳои мақсаднок амалӣ мегарданд. Аз ҷумла аз тарафи гурӯҳи кории махсуси ҷумҳурӣ доир ба ҳифзи иҷтимоии оилаҳои ниёзманд, бо кори доимӣ фаро гирифтани духтарон, ҳалли муаммоҳои мавҷудаи онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд корҳои омӯзишӣ гузаронида шуд. Аъзои гурӯҳи корӣ хона ба хона гашта, вазъи 5305 оилаи кабизоат, ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷ ва нотинҷи 1096 маҳалларо омӯхтанд. Дар рафти омӯзишҳо 6478 муаммоҳо аниқ гардид, ки 39 фоизи муроҷиатҳо оиди таъмин бо хонаву ҷой ва таъмир кардани манзили истиқоматӣ, 4,5 фоиз доир ба беҳсозии саломатӣ, 37 фоиз оиди ниёзмандӣ ба ёрии моддӣ, 8 фоиз доир ба таъмини шуғл ва дигар масъалаҳо вобаста буданд.
Аз тарафи мутасаддиёни соҳа барномаи чораву тадбирҳои амиқ дар ин самт таҳия карда шуд, ки дар доираи он ва бо мақсади таъмини иҷрои фармойиши Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 9-уми апрели соли 2020 «Дар бораи омӯхтан ва ҳал кардани муаммоҳои зан ва духтарони вилояти Самарқанд, дастгирии моддӣ ва маънавии онҳо» барои Самарқанд 10237,6 миллион сӯм равона карда шуд ва то ҳол аз ин маблағ 9 миллиард сӯм молиягузорӣ гардид.
Сипас, тақсимоти маблағ ба шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда шуд. Бино бар тавсияи ҳокимони шаҳру ноҳияҳо дар доираи барнома то ҳол дар вилоят ба 1607 нафар бонувони эҳтиёҷманд барои таъмин бо хонаву ҷой, хариди масолеҳи сохтмонӣ, табобат ва хариди дорувориҳо, инчунин, ташкили ҷойҳои нави корӣ ёрии амалӣ расонида шуд.
Аз ҷумла, 1077 нафар зану духтарон бо мошинаи дарздӯзӣ таъмин гардида, барои ин 1482,5 млн сӯм сарф ва дар асоси хонаи корӣ ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуд. Инчунин, барои таъмини хонаву ҷойи 199 нафар бонувон ба маблағи 959,4 млн сӯм масолеҳи бинокорӣ харид карда шуд. Ба 146 нафар зан духтарон доруворӣ тақдим гардид. Барои табобати 41 нафар занон, супоридани пардохтҳои коммуналии 8 нафар ва расонидани ёрии моддӣ ба 118 нафар бонувон ҷамъ 440,2 миллион сӯм ҷудо кардан.
Бо мақсади таъмини шуғли онҳо ба 3 нафар зан бо маблағи 15,0 миллион сӯм гармхонаҳо бунёд, ба 12 нафар бонувони оилаҳои ниёзманд бо маблағи 71 миллион сӯм чорвои калони шохдор супорида шуд ва шуғли онҳо таъмин гардид. Ғайр аз ин, ба 1 нафар барои кушодани салони ороишӣ, ба 2 нафар барои хариди таҷҳизоти пазандагӣ ёрии амалӣ расониданд ва бо мақсади беҳсозии шароити рӯзгори як гурӯҳ зан ва духтарон ба 22 нафар мошинаи ҷомашӯӣ, ба 41 нафар плиткаи газ, ба 30 нафар баллони газ, ба 4 нафар телевизор ва ба 4 нафар яхдон тақдим гардид.
Инчунин, дар асоси рӯйхатҳое, ки доир ба пешниҳоди хизмати тиббӣ ва ёрии моддӣ тақдим гардидааст, ба 136 нафар зану духтарон карточкаи пластикӣ кушода, 314,3 миллион сӯм маблағ гузаронида мешавад.
Бо мақсади бунёди хонаву ҷойҳои нав барои шаҳри Самарқанд 574,3 млн сӯм ва барои ноҳияи Каттақӯрғон 514,6 млн сӯм ҷудо карда шуд.
Бино ба ҳолати имрӯза аз 9 млрд маблағи молиягузоришуда ёрии моддии 4,4 миллиард сӯмина амалӣ гардид. Ба маблағи боқимонда, ки 4,6 млрд сӯм мебошад, боз корҳо иҷро мегарданд.
Ҳангоми таҳияи лоиҳаи барномаи иҷрои корҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят татбиқи лоиҳаҳои бузург ба назар гирифта нашудааст. Барои созмони ҷойҳои нави корӣ аз рӯйи 24 самт таклифҳо қабул карда шуд ва нақшаҳои тиҷоратӣ таҳия гардид.
Бояд гуфт, ки барои ташкили ҷойи кории доимӣ барои зан ва духтарон нақшаи тиҷоратӣ ба гурӯҳи корӣ пешкаш карда мешавад. Ба соҳиби лоиҳаи нақшаи тиҷоратие, ки гурӯҳи корӣ маъқул медонанд, дар асоси тартиби муқаррарӣ аз тарафи Иттиҳоди ташкилотҳои иттифоқи касабаи вилоят маблағ ҷудо карда мешавад.
Бо супориши сарвари мамлакат таҳти ташаббуси раиси Федератсияи Иттифоқи касабаи Ӯзбекистон «Телефони боваринок»-и гурӯҳи кории ҷумҳурӣ доир ба омӯхтан ва ҳал кардани муаммоҳои зан ва духтарон, татбиқи чорабиниҳо бобати дастгирии моддиву маънавии онҳо бо рақами кӯтоҳи 1211 ташкил карда шудааст.
Худ аз номаш аён аст, ки ин телефони боваринок асосан бо мақсади дастгирии моддиву маънавии зан ва духтарон ташкил гардидааст.
Инак, беш аз се моҳ аст, ки «Телефони боваринок» амал мекунад ва дар ин муддат беш аз ҳазор муроҷиат ба рӯйхат гирифта шуд.
Бо мақсади саривақтӣ ҳал кардани ҳар як муроҷиати шаҳрвандон дар ҳокимияти вилоят штаб ташкил карда шудааст. То ҳол ҳар як муроҷиат ва муаммои зан ва духтарон аз рӯйи дахлдорӣ якҷоя бо мутасаддиён ҳал карда мешавад. Дар байни муроҷиатҳо, мушкилиҳое низ ҳастанд, ки барои ҳалли онҳо вақт лозим аст. Чунин ҳолатҳо зери назорат гирифта мешаванд. Ба шаҳрвандоне, ки ба ёрии ҳуқуқӣ ниёз доранд, аз тарафи мутахассисон ёрии амалӣ расонида мешавад.
Масалан, сокини маҳаллаи Ҷартеппаи ноҳияи Ургут Мунаввара Рауфова ба «Телефони боваринок» занг зада, муроҷиат кард, ки боми хонааш лойпӯш аст ва ҳангоми боришот аз шифти он об мечакад. Шаҳрванд барои харидани шифер ёрии амалӣ пурсид. Вазъи рӯзгори муроҷиаткунандаро омӯхта, тамоми масолеҳи зарурӣ, инчунин, ду дар ва ду тиреза расонида шуд.
Сокини маҳаллаи Буюк Тӯрони ноҳияи Пастдарғам Анора Рӯзимуродова низ ба мо муроҷиат карда, аз вазъи ногувори рӯзгори худ шикоят кард. Ҳангоми омӯзиш аён гардид, ки ин зан ду нафар фарзанди ноболиғи худро танҳо нигоҳубин мекунад. Хонаи истиқоматии вай аз ду ҳуҷра иборат буда, ба таъмир ниёз дорад. Бинобар ин, маблағи зарурӣ ҷудо гардида, ҳоло дар хонаи шаҳрванд корҳои таъмирсозӣ давом дорад.
Ҳангоми таҳлили муроҷиатҳо ба чунин хулоса меоем, ки дар ҷойҳо ба муроҷиаткунандагон ба таври гуногун муносибат менамоянд. Яъне тафовутҳо назаррасанд. Баъзе роҳбарон бо дарди халқ сарукор доранд. Аммо дар баъзе ҳудудҳо лоқайдии мутасаддиён низ мушоҳида мешавад.
Набояд фаромӯш кард, ки дар замири ҳар як муроҷиат дарди як инсон ниҳон аст. Ғайр аз ин, зан-­духтарони мо ба осонӣ дарди дили худро достон намекунанд. Аз ин рӯ, ба ин масъала беэътибор будан ва беписандона муносибат намудан, кори ғайримақбул ба ҳисоб меравад.

Суҳроб РАФИҚОВ,
раиси Шӯрои Иттиҳоди ташкилотҳои иттифоқи касабаи вилоят, депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ