Баланд гардидани обрӯйи муаллим танҳо ба маош вобаста аст?

(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузаш­та).
Мактаби ман
Мо аз рӯйи вазифа дар таълимгоҳҳо мешавем. Баъзеи онҳо наву дилкаш аст. Тамоми шароитҳои зарурӣ доранд. Ҳатто видеокамераҳо гузошта шуда, дарбон мондаанд. Дар рӯзҳои иду тантана хонандагон ҳунарнамоӣ карда, ба воситаи рақсу сурудхонӣ истеъдоду маҳорати худро намоиш медиҳанд. Волидайни хонандагон мактабро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Вале… Баъзе мактабҳо баръакси онҳо бошанд, ки мунтазам соҳиби натиҷаҳои баланд мегарданд.
Таълимгоҳ барои ҷонишини директори оид ба хониши синфҳои тоҷикии мактаби таълими умумии рақами 19-и ноҳияи Пастдарғам Миҷгона Хоҷаева ба хонаи дуввумаш табдил ёфтааст. Мо бо ӯ сӯҳбат кардем.
– Вақти бори аввал ҳамчун омӯзгор ба мактаб қадам монданам, ҳанӯз дар ёдам ҳаст, – гуфт Миҷгона Хоҷаева. – Аз байн 15 сол гузашт. Ҳамкасбоне, ки бо ман дар тарбияи насли наврас саҳмгузорӣ мекарданд, бароям чун аҳли як оила шуданд. Ҳама дарду ғами мактабам дарду ғами ман аст.
Дар давоми ҳамин 15 соли корӣ як қисм устодони фидоӣ ба нафақа рафтанд ва ҷойи онҳоро кадрҳои ҷавон пур карданд. Се нафар роҳбарони мактаб дар давоми ин солҳо дигар шуданд. Ҳар кадоми онҳо аз худ нишонаи бузурге гузоштанд. Баъди таътил вақти ба кор баромаданам фаро расид, ман боз ба мактабам шитоф­там. Роҳбари нав маро бо чеҳраи кушод қабул карданду бо нармӣ набудани дарсро фаҳмониданд.
«Дар мактаби ман дарс набошад ҳам, бароям меёбед», – гуфтам. «Мактаби ман намегӯянд, мактаб аз они кас намешавад», – гуфтанд роҳбар. Ман суст наомадам: «Чаро? Охир мактаби ман намегуфтаанд? Оилаи ман, Ватани ман, маҳаллаи ман мегуфтаанду мактаби ман не?»..
Баъди кашокашиҳои зиёд он кас таслим шуданд. Ба ман дуним соат дарс ҷудо карданд. Дар давоми як сол бо дувуним соат кор кардам. Ду нафар хонандаро ба озмун тайёр кардам ва хушбахтона дар олимпиадаи вилоятӣ якеаш ҷойи аввал ва дуюмаш ҷойи дуввумро ба даст оварданд. Соли гузашта бошад, ба муваффақиятҳо нигоҳ карда, 9 соат дарс ҷудо карданд …
– Акнун аз таърихи таъсиси мактабатон ҳам чанд сухан гӯед?
– Таълим дар мактаби ман ба ду забон аст. Фарзандони ӯзбеку тоҷик дар ду баст омехта дарс мехонанд. Мактаби ман соли 1971 бо роҳи ҳашар сохта шудааст. Ҳоло бинои он назарногирона мебошад. Танҳо як хонаи компутерӣ дорем. Хонаҳои лабораторӣ ё синфхонаҳои алоҳида, ки барои фанҳои англисиву русӣ хеле лозим аст, нестанд. Дар мактаб 26 синф мавҷуд аст. Синфҳо на ҳар сол аз тарафи роҳбарони синф таъмир карда мешавад. Китобхонаи хурдакаке дорему ҳар сол марафони китоб гузаронида онро то ҳадди имкон бой мегардонем.
Дар мактаб 5 муаллимаи фанни забон ва адабиёт ҳастанд. Аз сабаби кам будани дарсҳо танҳо ба як муаллима дарс дода мешаваду дигарҳо бошад, дар штатҳои гуногун кор мекунанд… Имсол боз хеле дарсҳоро кӯтоҳ карданд.
– Албатта, сифату самараи таълим ба иншооту таҷҳизот вобаста аст?
– Соли гузашта ба сохтмони зали варзишӣ сар карданд. Он бояд то иди Нав­рӯз тайёр мешуд. Лекин то ҳол тайёр нашудааст ва ба вайронае мубаддал мегардад. Ҳар сол мактабро ба дастур медароранд, лекин ку натиҷа? Муаммоҳое, ки дар мактаби хурдакаки ман ҳаст, хеле бисёранд… Мо устодон, падару модарон мехоҳем, ки фарзандони мо ҳам, дар мактабҳои замонавӣ таҳсил гиранд… То кай ин хел бепарвоиҳо давом мекунад?
– Муаллима, бо вуҷуди ҳамаи ин, ком­ёбиҳои мактабатон калон аст. Дар замири он заҳмати беназири муаллимон меистад.
– Албатта. Мактаби ман гарчанде назарногир бошад ҳам, шогирдони зиёдеро тарбия карда, ба воя расондааст. Онҳо ҳоло дар соҳаҳои гуногун ба нафъи халқу Ватан хизмат мекунанд. Имсол бошад, аз 16 нафар хонандаи хатмкунандаи гурӯҳи тоҷикӣ 12 нафарашон ба мактабҳои олӣ дохил шуданд. Як нафар духтаракамон, ки ба институти тиббӣ ҳуҷҷат супурда, дохил гардид, аз сабаби супурда натавонистани пули контракт аз баҳри хондан баромад.
– Муаллима, чӣ хеле, ки медонед, Президентамон вазъи иҷтимоии омӯзгоронро беҳтар карданианд. Ҳатто дар видеоселекторҳо гуфтанд, мо барои ба 1000 доллар баробар кардани моҳонаи муаллимон ҳаракат мекунем. Агар моҳонаатон ҳамин қадар шавад, шумо чӣ хел кор мекардед?
– Оҳ, он вақт устодони мо шабу рӯз дар мактаб монда, бо хонандагон дарс мегузаштанд.
Соҳаи таълим ва иқтисодиёт
Рӯзи 23-юми сентябри соли равон таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи таълим» қабул шуд. Ин қонун ҷойи қонунҳои «Дар бораи таълим» ва «Барномаи миллии тайёр кардани кадрҳо»-ро, ки соли 1997 қабул шуда буданд, гирифт.
Мо оиди ин қонун, амалигардии он дар ҳаёт ва вобастагии таълим бо иқтисодиёт фик­ри иқтисодчӣ Илҳом Вафоевро пурсидем. Ӯ чунин гуфт:
– Қонуни мамлакатамон, «Дар бораи таълим», ки то ҳол амал мекард, аз ин 23 сол муқаддам қабул шуда буд, бо таҳрири нав аз нав қабул гардид. Қонуни пештара аз соҳаи иқтисодиёт алоҳида амал мекард. Ҳатто инқирози умумҷаҳонии молиявии 2008 ҳам ба тағ­йирёбиҳои он асос нашуд.
Солҳои охир шумораи бачагоне, ки ба синфи якум аввалин бор қадам мегузоранд, меафзоянд. Сабаби ин суръати афзоиши аҳолӣ мебошад. Соли ҷорӣ нисбат ба солҳои пеш 30 ҳазор нафар зиёд мактаббача ба синфҳои якум қабул карда шуданд. Ин ҳолат дар солҳои оянда ҳам давом мекунад. Ин барои сари вақт сар кардани фаъолияти мактабҳо таъсири манфӣ расонид. То ҳоло як қисми мактабҳо бо сабаби ба талабҳои карантин ҷавоб надоданашон кори худро сар накардаанд.
Акнун каме дар бораи иҷрои Қонуни нави «Дар бораи таълим». Он мактаб сар шуда-­нашуда, дар хониши бачаҳо мушкилиҳо оварда истодааст. Аз рӯйи мантиқ бояд наврас дар давоми як-­ду сол забони модариро омӯзад. Барои мисол, хонандагони синфи якум, ғайр аз забони модарӣ, боз се забони дигарро аз худ карданашон лозим аст. Ин бошад, аз сабаби парокандагии фикр аз худ кардани дарсҳои дигарро паст мекунад. Дар шароити пандемия ин кор барои саломатии кӯдакон зарар расониданаш ҳам мумкин аст.
Қонуни нав дар дараҷаи муайян бо соҳаи иқтисод вобастагӣ дорад. Яъне, баъди хатми синфи чорум талабаҳоро дар асоси завқу ҳавас ба фанҳо, ба гурӯҳҳо тақсим кардан дар назар дошта шудааст. Бояд ки пас аз хатми синфи 6-ум ҳар як талаба ихтисоси фаъолияти касбии худро интихоб кунад ва ба меҳнат кардан тайёр бошад, новобаста аз он ки муаллим шудан мехоҳад ё ки дӯзанда. Системаи то ҳол амалкарда, баъди хатми синфи нӯҳуми мактаби миёна дар литсейҳои академӣ ва коллеҷҳои касбӣ хондан бошад, аз соли ҷорӣ тамоман дигаргун шуд. Муаммо дар он аст, ки аз ин баъд фақат нисфи тамомкунандагони мактаби таълими умумӣ ба мактабҳои олӣ қабули имсола (140 ҳазор кас) ё ба техникумҳо ва мактабҳои касбӣ (шумораи қабул 200 ҳазор кас) қабул карда мешаванд. Тақдири қисми дигари онҳоро дар бораи интихоби касб бояд мактаби миёна ҳал кунад. Аммо ин тарзи корбарӣ бисёр саволҳоро ба миён меорад.
Аз рӯйи статистикаи расмӣ маълум аст, ки музди кории якмоҳаи муаллимони мактаб­ҳои таълими умумии вилоят аз ду миллион сӯм зиёдтар аст ва ин рақам ба маоши миёнаи коргарони соҳаи иқтисодиёт наздик мебошад. Барои зиёд кардани маоши муаллимҳо иқтисод бояд бо суръати баланд пеш равад. Аммо пандемия ба ин ҷараён зарбаи калон расонид ва барои аз ҳолати инқироз баровардани иқтисоди мамлакат мӯҳлати муайян лозим аст. Аз ҳисоби ихтисор шудани ҷойҳои корӣ, кам пул фиристодани муҳоҷирони меҳнатӣ қисми муайяни оилаҳои мамлакат дар шароити вазнин афтоданд ва фикр мекунам, ки ягон муаллим дар ин ҳолат «маоши маро зиёд кун» гуфтанро ба худ раво намебинад. Шароити рӯзгорро бо дигар роҳ осон кардан мумкин. Бояд ҳукумат барои коҳиш додани суръати баланди бекурб­шавии пул (инфлатсия) ҳаракати амалӣ ва чораҳои таъсиррасон пешбинӣ намояд. Имони комил дорам, ки ин роҳи мувофиқи талаби ҳамаи шаҳрвандони мамлакат мебошад ва ба дилмонӣ намеорад.
Умед мекунем ки дар муддатҳои кӯтоҳ муаммоҳои дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ бамиёномада (афзоиши суръати МУД (Маҳсулоти умумии дохилӣ) дар нимсола 0,2 фоиз) бартараф мешаванд ва соҳаи таълим ба мисли соҳаи тандурустӣ ва соҳаҳои дигари иҷтимоӣ ба роҳ монда мешавад.


Мактаб гаҳвораи маданият ва рӯҳи халқ аст, ман аз он ифтихор дорам, ки дар сари ин гаҳвораи маданият ва рӯҳи халқ аввал муаллими синфҳои ибтидоӣ меистад.
В.А. Сухомлинский.
Бидонед: Касе, ки намедонад, набояд аз омӯхтан шарм кунад, ки қимати ҳар кас ба қадри маълумоти ӯст.
Ҳадис.
Ганҷинаи донишро ба ҳар қимате бихаред, арзон аст.
М. Ҳиҷозӣ.

Бахтиёри ҶУМЪА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ