Ҷону дилам – Самарқанд

Ҷону дилам – Самарқанд

  • Post category:Фарҳанг

Пагоҳӣ ба кор мерафтам. Дар автобус одам чандон бисёр набуд. Бо вуҷуди он се-­чор нафар рост меистоданд. Дар истгоҳи навбатӣ ҷавонзани кӯдакдоре ба автобус савор шуд. Ҷойи нишасти холӣ набуд. Вай барои аз ҷо хезонидани ягон кас ҷуръат намекард.
Ҳамин вақт чашми ҷавоне, ки мисли ӯ рост мерафт, ба духтараке афтод. Вай дар курсии тарафи тирезаи автобус боҳузуру ҳаловат нишаста, бо телефони дастааш ба кадом як сайти интернетӣ «сайру тамошо» мекард. Ҷавон ба ӯ рӯй оварда гуфт:
– Хоҳарам, намебинед, ки зани бачадор даромаданд. Барои ин кас рост истода рафтан мушкил. Пагоҳ-­фардо ҳамин хел рӯз ба сари шумо ҳам меафтад. Ақлатон намегирад, ки аз рӯйи одоб хеста, ба ин кас ҷой диҳед?
Духтарак абрӯ чин карда, дилу бедилон аз ҷой хест. Ҷавон ба зани кӯдакдор ишора кард, ки шинад.
Марди солхӯрдае, ки ин рафтори ҷавонро мушоҳида мекардааст, гуфт:
– Офарин, писарам. Хайрият, ки ҳоло ҳам шумо барин ҷавонони боақлу фаросот будаанд. Дигарҳо ҳурмату эҳтиромро фаромӯш карда, кайҳо аз доираи одамгарӣ баромадаанд.
– Э амак, – гуфт ҷавон, – ман чӣ, ҳоло шумо ҷӯраи маро надидед. Номаш Бунёд бошад, ки ҳамаи мо ӯро Довар мегӯем. Вай мебуд, дар ин хел мавридҳо зуд тартибу низоми намунавӣ ҷорӣ мекард. Барои ба ронанда гирифта додани роҳкиро ёрӣ мерасонд. Илтимос мекард, ки мардум дар таги дари автобус рост наистанд. Ба фаромадану баромадани дигарон халал нарасонанд. Касе бо бор ё бача савор шуданӣ бошад, мададгорӣ мекард. Барои баъзе бефаросотҳо намунаи ибрат нишон медод… Умуман, дилшиканӣ кори осон, вале дастёрӣ ё дилёбӣ аз дасти ҳар кас ҳам намеояд. Ҷӯраамон ҳамин хел як бачаи дилёбу дидадаро аст. Худаш аз ҷигари Самарқанд – Регистон. Самарқандро ҷону дилаш барин дӯст медорад. Дар байни ду гап «ҷону дилам – Самарқанд» мегӯяд.
– Наход? – нобоварона гуфт мард.
– Бовар накунед, ихтиёратон, вале ман рости гапро мегӯям, – барои исботи суханонаш боз далел пеш овард ҷавон. – Худи Довар як бачаи хушқаду қомати базеб аст. Ба сару лисбоспӯшиаш ҳама ҳавас мекунад. Аз дарашон, ки баромад, ба ҳар гуна ҳолатҳои гирду атроф бепарво не. Агар бинад, ки бачае беназорат ба кӯча баромадааст, аз дасташ дошта, ба хонаашон гирифта медарорад. Ба падар ё модараш мефаҳмонад, ки бача чӣ қадаре азиз бошад, тарбияааш аз он азизтар аст. Бетарбия мондани кӯдак-­ҷиноят. Шумо кӯдкакатонро беназорат мондеду вай ба кӯча баромадааст. Ҳозир чӣ бисёр, дар кӯча мошин бисёр. Агар ягон кору ҳоле шавад, оқибаташро андешидед? Хайр, бигузор ин воқеа бо бефаросатии шумо сар занад, ки гуноҳи шофёри бечора чӣ? Вай ҳам зану бача дорад. Бегоҳ зиндаву саломат ба хонааш даромада рафтанаш даркор. Ҳеҷ гоҳ садама рӯй надиҳаду шумо як тасаввур кунед, ки бо айби кадоме ба ҳабсхона афтодани як бечора аз рӯйи инсоф аст?!
Вай ҳамин хел гапҳоро бо факту рақамҳо қатор карда, ба онҳо маърӯза мехонад. Ҳамин ҳамин мешаваду онҳо дую дубора бачаи худро беназорат намегузоранд. Ҳа, ҳар кас ҳам ин қадар дилсӯзонаву ғамхорона дар ҳаққи бачаҳои бегона ҳаракат намекунад. Вале Довар барои ин гуна корҳо вақту қувваташро дареғ намедорад. Барои вай бачаҳои худиву бегона нест. Ҳама барои вай фарзандони шаҳри бузурги Самарқанд мебошанд.
Ҷавон бо ин гуна гапу суханон то рафт диққати мусофирон ба худ ҷалб мекард. Ҳатто дар чеҳраи ҳамон духтараки ҷойнадода ҳам, ифодаи хушҳолӣ ҳувайдо гардида буд. Шояд аз ин гапҳо ронандаи автобус ҳам баҳраманд мегардид, ки вазифаи худро бо кайфияти хушу чеҳраи кушод иҷро мекард.
– Фақат бо гапу суханони нағз мефаҳмонад ё ҷангу ҷанҷол ҳам мебардорад? – пурсид зане. Ба вай, аз афташ бепарвогузории кӯдакон сахт расида буд.
– Вай асабӣ шавад, ё ба ғазаб ояд, ҳаракат мекунад, ки худро дорад. Аввал ба нағзӣ мефаҳмонад, нашавад, ҷанҷол ҳам мекунад. Масалан, дар боғи истироҳатӣ пасмондаи сигор ё коғази бекораи ягон чизро ба даруни қуттии партов нею ба ҷойи ростомада партофтани ягон касро бинад, мефаҳмонад, ки ин кор нағз нест. Эҳтиром кардани хизмати фаррошу боғбонҳоро мегӯяд. Агар он одам ё духтар хатои худро фаҳмида ислоҳ накунад, ҷанҷол ҳам мебардорад. Фаррошу кӯчарӯбҳоро ҳурмат менамояд. Ҳама вақт аз наздашон бо эҳтиром мегзарад. Салом дода, аҳволпурсӣ мекунад. Ҳатто як маротиба худам бо чашмонам дидам, ки барои ба мошин бор кардани як боғҷома хазон ба як фаррошзан ёрӣ медод. Вале гадову садақаталабонро бад мебинад. Садҳо зориву тавалло кунанд, ки як тин намедиҳад.»Инҳо доғи шаҳрамон, – мегӯяд ӯ. – Дасту пояшон бутун, кор кунанду нонашонро ҳалол карда хӯранд!»
– Аҷоиб! Кошки ин хел ҷавонон зиёд бошанд. Султони йигитҳо будааст-­ку, ҷӯраат, – луқма партофт марде, ки дар тараддуди фаромадан буд.
– Аҷоиб ҳам гап?! Мабодо мусофир ё ронандае ягон кӯча ё манзилеро пурсад, батаънӣ мефаҳмонад. Зарур шавад, ҳатто нақшаи чӣ хел ба он рафтанро кашида медиҳад. Худаш ҳамаи гӯшаву канори шаҳрамонро панҷ панҷааш барин донад, ки боз доимо ҳамроҳ харитаи шаҳрро гирифта мегардад. Вай мегӯяд, ки ба ин хел одамон раҳнамоӣ кардан зурур. Агар самарқандӣ бошему шаҳрамонро дуруст надонем, ин айб, ҳатто доғи шаъни самарқандиҳо аст…
Ҷавон дар ҳамин ҷо як аз тирезаи автобус ба берун нигариста, «хайр, саломат бошед, ман бояд фароям» гӯён саросема аз автобус фаромад.
Баъди ин гуна таърифҳо ман бо он ҷавон шинос шудан мехостам. Вале ному фамилия ва ҷойи зисти ӯро аниқ карда натавонистам. Вай фаромаду чашми ҳама аз паси ӯ дӯхта шуд.
Ин рафтору гуфтори вай, ба назарам, барои ҳамаи мусофирони автобус як дарси одобу ахлоқ ва одамгарӣ намуд.

Б.ҶУМЪАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ