Нолаи Замин

Замин нола дошт, пайваста бо қалби ҳассоси худ менолид, ба худ мепечид, ки интиҳо надошт.
Менолид, худ ба худ ғусса мехурд, қалбашро ғаму дарди беохир азият медод. Гуноҳи ў чй буд? Чаро хоки азизи ўро ба хокистар мубаддал мекунанд, дарахтони пурсамари ў хазон баргҳои гулҳои сарсабзи ў ба хок яксон мешаванд. Мутаассифона, худро намефаҳмид, нола кунад, нолаи пуртуғёни ў мавзеъеро бо хуноби қалбаш пахш мекард. Наъра занад, наъраи ў маконеро нобуд месохт, биноҳояшро хароб мекард. Аз чашмаш гуё шўъла меборид, ки маконеро оташ мезад. Пайваста хаёл мекард, меандешид, чй шуд? Аммо ба саволи худ ҷавоб ёфта наметавонист. Қаъри хокаш аз ҷасади мурдаҳои фарзандонаш ханозер мешуд. Қалбаш амри ўро пайхас намекард, гўё намефаҳмид, аз ин рў доимо нола дошт, нолаи ў ба гиря мубаддал мешуду гиряи ў ба оби равони пуртуғён, ки маконеро, ҷоеро, мешусту нобуд месохту ҳаргиз хушк намешуд. Ҳама атроф дарднок, ғам болои ғам буд. Дар таърихи сеҳазорсолаи худ ба ин гуна ҳодиса бори аввал дучор меомад, бори аввал медид, ки ба тамом нобуд шуда истодааст, чорае нест, ҳаёти замин гўё нуқтаро меҷўяд. Чй қадар ҷангҳоро, воқеаҳои хунинро аз сар гузаронид. Дар ҳар кадом гўшаю канораш тирҳо парронда, фарзандонаш нобуд мешудаанд. Қалби ў ҷароҳатнок мешуд, вале боз аз нав рў ба ободй медод.
Акнун чй? Қалбаш моломоли дард, вале марҳаме нест, чорае ку? Пайвас­та меандешид. Ман тамоми ҳастиямро ба фарзандонам – Ҳазрати Инсон бахшидам, тамоми неъматҳоям ҳадя баҳри онҳо буд. Ҳама сарвату ҳастии худро нисори онҳо кардам. Ку, натиҷа? Баҳри фарзанди инсон ин ҳама кам буд, магар…
Ношукрӣ, гурусначашмӣ, фисқу фасод, фаҳш, беинсофию беимонӣ ҳамаро ба ин овард. Афсус чораи ҳама бадбахтихо тавба аст. Тавба кунед, тавба кунеду шукр гуед, зеро тавбаю шукр роҳи наҷоти ҳамаи сарсахтиҳо аст. Ба қадри ҳам расед, одам ғанимат аст, ҳар дам ғанимат аст. Ба ҳамдигар тухми адоват напошед.
Маро обод кунед, худ ҳам обод бошед, аз қалб мегузаронд Замин умедвору интизори бахту шукуҳ, тинҷию осудагии фарзандонаш буд…

Фарида АҲМАДОВА,
омӯзгори тоифаи олии мактаби рақами 16 – и ноҳияи Самарқанд, Аълочии маорифи халқ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ