Достони рамзи шеру офтоб

Достони рамзи шеру офтоб

  • Post category:Фарҳанг

Дар таърихи инкишофи тамаддун ва фарҳанги инсонии асрҳои миёнаи мамлакатҳои исломии Ховарзамин шоҳкориҳои меъмории Майдони Регистони Самарқанд саҳми бузурги таърихию маданӣ дорад.
Шоҳкориҳои мазкур аз мадрасаҳои Улуғбек (1417–1420), Шердор (1619–1639) ва Тиллокорӣ (1646–60) таркиб ёфта, машҳуртарин ва назарработарини он Мадрасаи Шердор аст, ки бо фармони ҳокими тамаддунпарвари Самарқанд Баҳодури Ялангтуш бунёд гардидааст. Баҳодури Ялангтуш аз муридони Маҳдуми Аъзами Даҳбедӣ буда, ба тариқати нақшбандия эътиқод дошт. Бад-­ин боис, вай барои амали шиори «Дил ба ёру даст ба кор»-и ин тариқат барои бунёд намудани ду меъмории бузурги аср: Мадрасаҳои Шердор ва Тиллокорӣ, ки намунаҳои олии санъати меъмории асрҳои миёна мебошанд, фармон дода, о то ниҳояти камол ба анҷом расонидааст.
Мадрасаи Шердор аз ҷониби шарқ рӯ ба мағриб дар рӯ ба рӯи Мадрасаи Улуғбек бино гардида, дар пештоқи он нақши тасвири Шери офтоббардӯш ва Бузғола (Бурҷи ҷаддӣ) ситораи ҳашткунҷа нақш гардидааст, ки ин рамз (намо) – и бузурги астрономӣ шаҳомату тавоноии Рӯшаноию Хираду Доду Некӣ ва Донишу Тавоноии мардуми Машриқзаминро дар худ таҷассум намудааст. Ибтидои пайдоиши нақши Шеру Офтоб ба таълимоти космологии дини меҳрпарастии Зардуштӣ рафта гиреҳ мехӯрад.
Нақши Шеру Офтоб аз рамзҳои астрономии рӯзгори мозии таълимоти космологии мардуми сарзамини ориёиву суғдист, ки ин намои бузург дар рӯи парчамҳои динии давлатию пештоқҳои маъбадҳои меъмории эрониёну турониёни қадим инъикос ёфта буд.
Пайдоиши илми астрономия аз таълимоти космогонию космологии дини меҳрпарастӣ (митроизм – маздопарастӣ) – и Зардушт ибтидо гирифтааст, зеро худи вожаи «астрономия» – ро аз талаффузи юнонии номи «зароастр» гирифтаанд.
Нақши Шеру Офтоб ба таълимоти космогонии дини маздопарастии Зардушт робитаи узвӣ дошта, аз таълимоти ситорашиносии он ибтидо гирифтааст. Дар таълимоти космологии Зардушт иборат будани 1 дақиқа аз 60 сония, 1 соат аз 60 дақиқа, 1 рӯз аз 12 соат, як шабонарӯз аз 24 соат, 1 ҳафта аз 7 рӯз, 1 моҳ ба ҳисоби миёна аз 30 рӯз, 1 сол аз 12 моҳ, 12 моҳ аз 365 рӯз, 1 сол аз 4 фасл, 1 фаст аз 90 рӯз ва 4 фасл низ аз 1 сол – 12 моҳ, як гардиши солонаи бурҷҳои осмонӣ мутаносиб ба дувоздаҳ бурҷ – 1 даври гардиши сол аз гардиши 12 бурҷи фалак таъкид ва тасвир гардидааст.
Дини зардуштӣ ба илми ситорашиносии қадим асос ёфта, дар он Митра (Меҳр-­Офтоб) мавриди парастиш қарор гирифта буд. Дар таълимоти космологии Зардушт Коинот бо нерӯи бузурги офариниши Аҳуро Маздо (Нури Мутлақ) падид омада, он аз манзума (система) – и Нури Мутлақ фалак ул-­афлок, фалаки собита (фалаки дувоздаҳ бурҷи сипеҳр) ва ҳафт фалаки гардишгар: Моҳ, Тир (Аторуд, Меркурий), Аноҳито (Зуҳра – Венера), Меҳр (Офтоб), Баҳром (Миррих – Марс), Муштарӣ, Кайвон (Зуҳал – Сатурн) иборат аст.
Офтоб аз ситораҳои бузурги маркази Коинот буда, мавриди парастиши дини меҳрпараст (маздопараст) – и Зардушт гардидааст. Аҳуро Маздо (Озари Бузург, Нури Мутлақ) офаридгори Коиноту ҳамаи манзумаи сайёраҳову ситораҳои осмонӣ буда, нури он дар қурси Офтоб таҷассум ёфтааст.
Дувоздаҳ бурҷи сипеҳр – фалаки ҳаштуми манзумаи Коинот буда, онҳо аз бурҷҳои:
Ҳамал (Бара), Савр (Гов), Ҷавзо (Дупайкар) – (Баҳор),
Саратон (Харчанг), Асад (Шер), Сунбула (Хӯша), – (Тобис­тон),
Мизон (тарозу), Ақраб (Каждум), Қавс (Камон) – (Тирамоҳ),
Ҷаддӣ (Бузғола), Далв (Дӯл), Ҳут (Моҳӣ) – (Зимистон)
иборат буда, дар ҳар як дувоздаҳ бурҷи доираи фалак Офтоб дар давоми як сол ҳаракат менамоянд. Бад-­ин маънӣ, шоири бузурги ҳамосасарои Шарқ Абулқосим Фирдавӣ чунин нигоштааст:
Зи бурҷи Бара то Тарозу ҷаҳон,
Ҳаме торикӣ дорад андар ниҳон.
Ҳакимони ситорашиноси мозӣ дувоздаҳ бурҷи сипеҳҳро бо чор фасли сол ва чаҳор унсури офариниш мутаносиб дониста, онро ба чаҳор бурҷ: 1. Бурҷи озарӣ (оташӣ): Ҳамал, Асад, Қавс; 2. бурҷи обӣ: Ҳут, Саратон, Ақраб; 3. бурҷи бодӣ: Ҷавзо, Мизон, Далв; 4. бурҷи хокӣ: Савр, Сунбула, Ҷаддӣ тақсим кардаанд (Фарҳанги забони тоҷикӣ, ҷ. 1. саҳ. 215).
Дар дувоздаҳ хони тилисм бурҷи сипеҳри ҳаштум Шер дар пайи шикору дунболагирӣ ва ҳуҷуми Бузғола (Ҷадӣ) дарафтодааст, ки он нишони Деви Зулмату сардиро рондани Митра (Меҳр, Офтоб) ва Шери тавонои ҳамлавар мебошад. Ба ҳар ҳол, маънои рамзии астрономии нақши Шеру Офтоб ва Бузғола ба таълимоти космологии Зардушт ва назарияи илмии астрономии ҷавобияи мутаносиб ба таълимоти космологии Улуғбек ва мадрасаи олияи ӯ рабти узвӣ дорад.
Тасвири Шери ҳамлавару Офтоби дурахшони нурафшоне, ки дар пайи дунболагир кардани Бузғола (Ҷадӣ) дарафтода, рамзи бузурги илмии астрономии ҳунари меъморӣ буда, ишорат бад-­он
маъност, ки як сол аз дувоздаҳ моҳ ва доираи сипеҳр аз дувоздаҳ бурҷ иборат буда, оғози соли нави оини меҳрпарастӣ аз бурҷи Ҳамал (бара) буда, оғози Наврӯз ба 1 – уми моҳи фарвадини солшумории шоҳаншоҳӣ (мутобиқи 21 марти соли милодӣ) мувофиқ меояд.
Дар оғози баҳор, ки оғози фасли сол, оғози офариниш, пайдоиш, эҳёву нузҳати коинот, бедорӣ, ҳушёрӣ ва кишту кори одамон буда, кишоварзон дар ин фасл ба кишти ҳосил мепардозанд, он ҳосили киштшуда дар авҷи гармои фасли тобистон, ки ба бурҷи Асад рост меояд, пухта ба камоли худ мерасанд. Бурҷи Асад аз 21 июл то 21 август давом намуда, дар ин ҳангом Офтоби дурахшанда аз бурҷи Асад мебарояду ҳамаи ҳосили дар оғозии рӯзи офариниш – Наврӯз кишташударо бо шиддати гармои нурҳои оташбори худ пухта, ба дараҷаи камолот мерасонад. Деҳқонон ҳосили пухташудаи худро ҷамъ менамоянд.
Ҳангоми аз бурҷи Асад баромадани Офтоб ҳосили дар бурҷи Ҳамал (Бара) – и мавсими Наврӯз кишташуда, дар муддати шаш моҳ то рӯзгори иди Меҳргон, ки ба даҳуми моҳи сентабр рост меояд, ба камоли пухта шудан мерасад ва ғундошта шуда, деҳқонон иди Меҳргонро тантанавор пешвоз менамоянд. Аз айёми иди Наврӯз то Иди Меҳргон дар муддати шаш моҳ дарозшавии Рӯшноии рӯз афзуда, сипас аз шаш моҳ аз бурҷи Тарозу (Мизон) то бурҷи Бара (Ҳамал) дарозшавии Торикии шаб афзун гардида, достони набарди дерпои ин ду нерӯ дар давоми сол бад ин минвол идома меёбад. Бад-­ин маъно Шери Рӯшноӣ бо Деви (бузғола) – и Зулмату Сардӣ дар набарди доимӣ буда, билохира бо пирӯзии нерӯи Рӯшаниву Некӣ аз болои Торикиву Бадӣ анҷом мепазирад…
Тасвири Шери Офтоббардӯши ҳамлавар ба сӯи Бузғола рамзи асрономии ишорат ба ғалабаи Рӯшанӣ (нур) бар Торикӣ (Зулмат), Гармо ба Сармо, Хирад ба Бехирадӣ, Некӣ бар Бадӣ, Дод бар Бедодӣ, Ростӣ бар Дурӯғ… буда, шери ҳамлавари тасвиргардида, рамзи Рӯшанию Тавоноӣ, Хираду Дониш, Некӣ алайҳи рамзи Торикию Нотавонӣ, Бехирадиву Бедонишӣ, Бадӣ … – рамзи Бузғола (Ҷадӣ) буда дар оғози фасли сармо (зимистон) мувофиқ меояд, дунболагирӣ кардааст.
Дар тасвири Шери Офтоббардӯш рамзи эътиқод бар ғалабаи қатъии нерӯи Меҳри Рӯшанӣ ба Торикӣ, Нур бар Зулмат, Рӯз бар Шаб, Некӣ бар Бадӣ таҷассум ёфтааст. Шер рамзи қудрату Тавоноӣ, Офтоб рамзи Меҳру Рӯшноӣ, Дониш ва Хираду Некӣ ва Бузғола – рамзи Торикӣ, Зулмат, Сардӣ, Фиреб, Дурӯғ ва Нотавонию Душманӣ ва Тарсуист.
Пас аз тасвири Шери Офтоббардӯши ба сӯи Бузғола ҳамлавар дар маркази пештоқи Мадрасаи Шердор нақши ситораи ҳашткунҷа тасвир гардидааст, ки он низ рамзи астрономию динӣ буда, ба маънои астрономӣ: ишора ба фалаки ҳаштум, ки фалаки собитот аст, ки дар зери он ҳаракату гардиши доиравии ҳаёти зинда қарор гирифтааст.
Ба маънои рамзии динӣ ситораи ҳаштгӯша рамзи мукаммалӣ (доираи камол, такомул) буда, ишорат ба ҳашт табақа ва дарвозаҳои биҳишт аст, ки ғояи он ба маънии ба мартабаи камол ва пур шудан, ба дараҷаи инсони комил расидан ва ба рӯи Инсон кушода шудани ҳашт дарвозаи биҳишт оварда шудааст. Ин рамзи астрономию динии дар меъмории бузурги Шоҳи Зинда, Мадрасаи Лаби Ҳавзи Нодир Девонбегии Бухоро ба маънои такомул ва аломати ҳашт биҳишт нақш гардидааст.
Дар мақбараҳои меъмории Шоҳи Зинда ситораи ҳаштгӯша ба маънои рамзии ҳашт, ки маъво ва макони бозгашти инсонҳои комил аст, нақш гардидааст.
Мадрасаи Шердор ба маънои комил меъмории бузурги посухи илмии астрономӣ дар рӯ ба рӯи Мадрасаи Улуғбек бун­ёд гардидааст. Тибқи баъзе аз манбаъҳои таърихию илмӣ Мад­расаи Шердорро ду меъмори бузург: Абдуҷаббори Меъмор ва Муҳаммадаббоси Наққош бино намудаанд.
Перомуни нақши Шери офтоббардӯши ба сӯи Бузғола (бурҷи Ҷадӣ) ҳамлавар, ки рамзи фасли сармои зимистонро дунболагир намудани фасли тобистон (Шери Офтоб бардӯш) аст, дар ҳеч яке аз манбаъҳои рӯзгори мозию ҳол тафсири илмии комили қаноатбахш ба чашм нахӯрдааст.
Аз рӯзгори ба нақши ҳайратангез рӯ ба рӯ шудан, барои дарёфту шинохти маънои рамзии он таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, калиди мушкилкушое ҷуста, чандин китобҳоро зеру рӯ намуда, аз аҳли илму ҳунар низ пурсиш карда, посухи муносиб нагирифта будам. Билохира, бо мадади Офаридгори Бузург бо нигоҳи эҳсосу хирад ба гиреҳи ин рамзи бузурги шоҳкории меъмории ҷаҳонӣ, ки Самарқанди қандмандро – сайқали рӯи Замин гардонидааст, рӯ овардам, ки ӯ чун ҷавобияи астрономии ҳунари меъморӣ дар рӯ ба рӯи Мадрасаи Улуғбек бино гардидани Мадрасаи Шердор калиди кушоиши асрори шинохти онро ба дастам эҳдо намуд.
Ва дигар навгоние, ки моро аз таърихи меъмории Мадрасаи Шердор огоҳ менамояд, шеъри шоири тоҷик Мир Ҳоҷии Самарқандист, ки сурати навиштаро Устод Адаш Истад барои хониш дар оинаи фазои эҷодии интернет гузошта буданд, ки камина онро ба матни кнриллӣ баргардонида, дар ин саҳифа гузошта шуд:
Амири сафдари олӣ Ялангтӯш, ки омад
Пайи мадеҳи камолаш забони нотиқа пурдур.
Бинои мадрасае кард он чунон, ки заминро,
Ба авҷи чарх расонид аз он ливои тафохур.
Ба солҳо нарасад бар фарози тоқи рафеъаш
Уқоби ақл ба нерӯи саъйу боли тадаббур.
Ба қарнҳо нарасад ба сири манори манеъаш,
Ҳарифи пурфани андеша бо каманди тафаккур.
Чу рост кард муҳандис намунаи хами тоқаш,
Фалаки Моҳи нав ангушт мегазад зи таҳайюр!
Ялангтӯши Баҳодур чу бувад бонияш, омад
Ҳисоби соли бинояш: – «Ялангтӯши Баҳодур!».

Бояд таъкид намуд, ки чун вожаи «Ялангтӯши Баҳодур» – ро ба ҳисоби абҷад баргардонида шавад, он мутобиқи соли 1639 милодӣ ҳосил мешавад, ки ин ба таърихи бино гардидани мадрасаи Шердор созгор меояд.

Н.ЧОРИЕВ,
устоди Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ