ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИЯТИ ӮЗБЕКИСТОН САФИРОНИ ХОРИҶИРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИЯТИ ӮЗБЕКИСТОН САФИРОНИ ХОРИҶИРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ


16 октябр дар қароргоҳи «Кӯксарой» маросими ботантанаи супурдани эътиборномаҳо аз ҷониби сафирони тозатаъйини 
кишварҳои хориҷӣ дар мамлакати мо баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев эътиборномаҳои сафирони фавқулода ва мухтори Аморати Муттаҳидаи Араб Саид ал-Камзӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳамид Найрободӣ, Украина Николай Дорошенко, Ҷумҳурии Итолиё Агостино Пинна, Давлати Исроил Зехавит Бен Ҳиллел, Ҷумҳурии Исломии Покистон Саид Алӣ Асад Гилонӣ ва Ҷумҳурии Ҳиндустон Маниш Прабхатро қабул кард.
Сарвари давлати мо сафиронро бо оғози фаъолияти дипломатӣ дар Ӯзбекистон самимона табрик гуфта, ба онҳо дар иҷрои рисолати масъулиятнок ва фахрии худ дар самти рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа муваффақиятҳои калон орзу кард.
Зимни суханронии худ Президент дигаргунсозиҳои демократӣ ва ислоҳоти иҷтимоию иқтисодии дар ҷумҳурии мо татбиқшаванда, аз ҷумла барномаи чораҳои зиддибӯҳронӣ оид ба паси сар намудани оқибатҳои паҳншавии глобалии сирояти коронавирусро қайд кард.
Пайравӣ барои пешбурди сиёсати созанда ва прагматикии хориҷӣ дар асоси тамоюлҳои эътимод ва эҳтироми тарафайн, баробарӣ ва ба ҳисоб гирифтани манфиатҳо, ошкорбаёнӣ ва ҳамсоягии нек таъкид гардид.
Таҳкими робитаҳо ва шарикии гуногунҷабҳа бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои Аврупо, минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ ҳамчун самти афзалиятнок муайян карда шуданд.
Ҳамзамон, ба пешбурди дипломатияи иқтисодӣ-ҳамкорӣ дар соҳаҳои калидӣ, ба монанди тиҷорат ва сармоягузорӣ, технологияҳои баланд ва инноватсия, рақамисозӣ, нақлиёт ва логистика, бахши бонку молия эътибори муҳим дода мешавад.
Ғайр аз ин, ҳамкории муназзам ва пурсамар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ бо қаноатмандӣ қайд гардид.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сарварони давлатҳо, ки сафирони тозатаъйинро намояндагӣ мекунанд, барои дастгирии узвияти кишвари мо дар Шӯрои ҳуқуқи инсон — яке аз майдонҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид изҳори сипос кард. Ин рӯйдоди таърихӣ гувоҳи эътирофи васеи байналмилалии пешрафти кишвар дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ роҳбари Ӯзбекистон ба дипломатҳо муроҷиат намуда, самтҳои асосӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро бо шарикони дахлдори хориҷӣ қайд кард.
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки ба туфайли робитаҳои мунтазам дар сатҳи олӣ муносибатҳои анъанавии дӯстона ва наздики дуҷонибаи кишварамон бо Аморати Муттаҳидаи Араб ба марҳилаи комилан нав дохил шуданд.
Дар айни замон лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо маблағи беш аз 4 миллиард доллар бо иштироки ширкатҳои «Масдар», «Мубадала», «DP World», Фонди Рушди Абу Дабӣ ва дигарон дар марҳилаи фаъоли татбиқ қарор доранд. Лоиҳаҳо энергетикаи муқобил, инфрасохтор, саноати кимиё, кишоварзӣ, соҳаҳои нақлиёт ва логистикаро фаро мегиранд.
Барномаҳо дар соҳаи такмили низоми идоракунии давлатӣ, инчунин ташаббусҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ дар минтақаи баҳри Арал амалӣ карда мешаванд.
Изҳор карда шуд, ки Ӯзбекистон аз истифодаи имконоти бузурги ҳамкорӣ бо Эрон манфиатдор аст.
Қайд гардид, ки президентҳои ду кишвар ба тавсеаи муносибатҳои Ӯзбекистон ва Эрон эътибори муҳим медиҳанд.
Масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои афзоиши муомилоти мол, лоиҳаҳои кооператсия дар саноат ва кишоварзӣ,  ташкили ҳамлу нақли бор тавассути бандарҳои Эрон аҳамияти махсус доранд. Илова бар ин, дар соҳаи бехатарӣ муколамаи мунтазам амалӣ мегарданд.
Украина шарики анъанавии мамлакати мо мебошад. Роҳбари Ӯзбекистон қайд кард, ки солҳои охир шиддати ҳамкорӣ ба назар мерасад. Ҳаҷми муомилоти мол меафзояд, барномаҳои муҳими иқтисодӣ ва гуманитарӣ амалӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон, дурнамои густариши минбаъдаи амалиёти содиротӣ-воридотӣ, ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаи мошинсозӣ, электротехника, дорусозӣ, саноати бофандагӣ ва бахши кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ мавҷуданд.
Италия, ки потенсиали бузурги иқтисодӣ ва фарҳангӣ дорад, яке аз шарикони асосии кишвари мо дар Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Тавре ки дар су

ханронии роҳбари давлати мо қайд карда шуд, бояд муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба, аз ҷумла дар шакли вохӯриҳои вазирони «Италия – Осиёи Марказӣ» ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ амиқ карда шаванд.
Дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ бо ширкатҳои пешрафтаи Италия дар соҳаи металлургия, кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра лоиҳаҳои муҳими ҳамкорӣ амалӣ карда мешаванд. Ғайр аз ин, сандуқи лоиҳаҳои муштараки умедбахш ба маблағи тақрибан 5 миллиард доллар омода карда мешавад.
Дар соҳаи гуманитарӣ барномаҳои муҳим дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва табодули фарҳангӣ пеш бурда мешаванд.
Кишвари моро бо Исроил муносибатҳои анъанавии шарикӣ зич мепайвандад. Рушди муколамаи созандаи сиёсӣ, фаъолгардонии робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмӣ-техникӣ ба сифати афзалиятҳо номбар гардид.
Пешниҳод шуд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи технологияҳои баланд, ҷорӣ намудани роҳҳои ҳалли масъалаҳои энергия ва захираҳо, кишоварзӣ, дорусозӣ ва тиб, маориф, туризм пурзӯр гардонда шаванд.
Ноил гардидан ба ин вазифаҳо ба баргузории мунтазами мулоқотҳо ва машваратҳои сиёсӣ дар сатҳи баланд, роҳандозии Комиссияи дуҷонибаи байниҳукуматӣ хизмат хоҳад кард.
Ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Ӯзбекистон бо Покистон пайваста рушд мекунанд. Имрӯзҳо кишварҳои мо низ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.
Натиҷаҳои пурсамари сафари охирини ҳайати ҳукуматӣ ба Исломобод бо қаноатмандӣ қайд карда шуданд. Мувофиқи созишномаҳо, имкониятҳои нав оид ба афзоиши ҳаҷми савдои дуҷониба, инчунин дар соҳаи техникаи кишоварзӣ, саноати бофандагӣ ва чарм кор карда мешаванд.
Омодагӣ ба лоиҳаҳои муҳими инфрасохтори нақлиётӣ ва транзитӣ идома дорад, ки Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро самаранок мепайванданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сатҳи замонавии муносибатҳои Ӯзбекистон ва Ҳиндустонро, ки тайи солҳои охир ба туфайли робитаҳои мунтазам дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, бо қаноатмандӣ қайд кард.
Аввалин нишасти вазирони корҳои хориҷии Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ соли гузашта дар Самарқанд бомуваффақият баргузор шуда буд.
Сарфи назар аз пандемия, муомилоти мол меафзояд, мубодилаи шадид дар сатҳи минтақавӣ ва соҳибкорӣ идома дорад, лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи маориф, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, тиб ва дорусозӣ бо ҷалби сармояи Ҳиндустон бо саъю кӯшиши муштарак пеш бурда мешаванд.
Президент Шавкат Мирзиёев дар хотимаи суханронии худ изҳори боварӣ кард, ки сафирони навтаъйиншуда бо фаъолияти ибратбахш ва пурсамари худ дар таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни мамлакатҳоямон саҳми калон хоҳанд гузошт.
Дар ҷараёни музокирот сафирон ба сарвари давлати мо барои пазироии самимона изҳори миннатдории самимӣ карданд ва итминон доданд, ки онҳо барои ноил шудан ба пешрафти сифатӣ дар шарикӣ бо Ӯзбекистон тамоми қувваву ғайраташонро сафарбар менамоянд,  инчунин рӯзномаи муносибатҳоро бо мундариҷаи нави дақиқ ғанӣ мегардонанд.

ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ