Дар интихоботи ИМА беш аз 21 миллион амрикоӣ овоз доданд

Дар интихоботи умумии ИМА, ки ба 3-юми ноябр таъин шудааст, аллакай зиёда аз 21 миллион амрикоиҳо овоз доданд. Ҳисоби мувофиқ рӯзи 16-уми октябр дар портали «Лоиҳаи интихобот дар Иёлоти Муттаҳида» нашр шудааст, ки онро профессори Донишгоҳи давлатии Флорида Майкл Макдоналд таъсис додааст.
Ба гуфтаи вай, дар Иёлоти Муттаҳида 21 миллиону 867 ҳазору 207 нафар пешакӣ овоз доданд.
Барои маълумот, интихоботи навбатии президентии ИМА 3-юми ноябр баргузор мешавад. Демократ Ҷозеф Байден бо ҳизби ҷумҳурихоҳи кунунӣ Доналд Трамп рақобат мекунад. Майкл Пенс ва Камола Харрис барои унвони ноиби президент мубориза мебаранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ