Иқтисод

Оиди дарахти чормағз ва содироти маҳсулоти он

Давлати мо дар бозори ҷаҳонӣ бо меваҷоти хуштаъми худ ном баровардааст.
Солҳои охир маҳз бо ташаббуси Роҳбари давлатамон дар мамлакатамон чормағззорҳои калон ташкил мегарданд.
Бино ба маълумоти оморӣ соли гузаш­та мамлакатамон ба давлатҳои хориҷӣ ба миқдори беш аз 12,5 миллион доллари амрикоӣ чормағз фурӯхтааст. Ин кам ё зиёд аст?
Агар ин нишондодро бо соли 2017 муқоиса намоем, ду баробар кам мебошад. Зеро боғбонони мо соли 2017 ба миқдори қариб 24 миллион доллари амрикоӣ ба хориҷа чормағз фурӯхтаанд.
Масоҳати давлати Украина бо масоҳати мамлакати мо – Ӯзбекистон қариб баробар аст. Соли гузашта ин давлат содироти чормағзро ба 83 фоиз зиёд карда, ба давлатҳои хориҷӣ ба миқдори 67,1 миллон доллари амрикоӣ маҳсулот содир кардааст.
ИМА аз рӯйи истеҳсоли чормағз дар ҷаҳон ҷойи якумро ишғол менамояд. Хусусан, штати Колифорния дар ин бобат пешсаф буда, 96 фоизи чормағзи мамлакат дар ин ҷо ҷамъоварӣ мешавад.
Хурсандиовар аст, ки Президентамон 1-уми июни соли 2017 ба қарори «Дар бораи созмон додани иттиҳоди истеҳсолгарони чормағз ва ташкили фаъолияти он» имзо гузошт. Дар ин ҳуҷҷат оиди дар 8 вилояти мамлакатамон, аз ҷумла, дар Самарқанд барпо намудани чормағззорҳо ва барои ин кор ҷалб намудани кредити имтиёзноки хориҷӣ ба миқдори 50 миллион доллари амрикоӣ қайд шудааст.
Ҳоло дар вилоятамон чормағззорҳои нав ташкил мешаванд.
Масалан, 500 гектар майдони чормағззори ноҳияи Ҷомбой вазифаи таҷрибавиро иҷро менамояд. Дар ин ҷо кӯчатҳои навъҳои серҳосили аз мамлакатҳои ИМА ва Туркия овардашуда нашъунамо меёбанд. Соли аввал ниҳолҳои ҷавон нишона доданд.
Бино ба гуфтаи боғбонҳои пуртаҷриба калонии навъи «Chendier»-и амрикоӣ бо тухми мурғ баробар буда, ин навъ ба шароити обу ҳавои кишварамон мутобиқ аст. Онро бо усули чакрагӣ обёрӣ намуда, аз он ҳосили баланд гирифтан имкон дорад. Ҷиҳати хуби навъи хориҷӣ дар он аст, ки баъди 4 соли шинондан дар давоми қариб 50 сол то 50-килограмм ҳосил медиҳад.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ