Ӯзбекистон аз Кореяи Ҷанубӣ ва АМА ёриҳои инсондӯстона қабул кард

Ӯзбекистон аз Кореяи Ҷанубӣ ва АМА ёриҳои инсондӯстона қабул кард

  • Post category:Ҷаҳон


Аморати муттаҳидаи араб ва Кореяи Ҷанубӣ барои мубориза бо коронавирус ба Ӯзбекистон дар умум 7 тонна ёрии инсондӯстона фиристод. Дар ин бора “Дунё” хабар дод.
Ёриҳои инсондӯстии ин ду кишвар иборат аз воситаҳои сунъии нафасдиҳӣ, консентраторҳои оксигенӣ, системаҳои тестӣ, ниқобҳо ва дигар ашёи тиббӣ мебошад.
Ёриҳои тиббӣ дар миёни ҳудудҳои Ӯзбекистон тақсим карда мешавад.
Ӯзбекистон аз оғози пандемия то ба имрӯз аз Аморати муттаҳидаи араб 4 бор дар умум 51 тонна ёрии инсондӯстона қабул кард. Ёриҳои инсондӯстонаро ҳавопаймоҳои «Uzbekistan Airways» ба Ӯзбекистон овардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ