Ҳукумати Белгия низ ба далели пандемия соати комендантӣ ҷорӣ кард

Ҳукумати Белгия низ ба далели пандемия соати комендантӣ ҷорӣ кард

  • Post category:Ҷаҳон


Ҳукумати Белгия бо мақсади пешгирӣ аз афзоиши шумори мубталоёни COVID-19 дар кишвар соати комендантӣ ҷорӣ кард. Дар ин бора The Brussels Times хабар дод.
Бар асоси режими нав, барои шаҳрвандони Белгия шабона аз соати 00.00 то 05.00 ба кӯча рафтан манъ шуд.
Илова бар ин, азз 19 октябр корҳо низ маҷбурӣ ба тарзи фосилавӣ идома меёбад. Танҳо муассисаҳое, ки барояшон кори фосилавӣ ғайриимкон аст, ба таври анъанавӣ корро идома медиҳанд.
Дар Белгия ҳоло ниқоб пӯшидан дар ҷойҳои ҷамоатӣ ва дар биноҳои сарпӯшида маҷбурӣ аст. Дар кӯчаҳое, ки риоя кардан ба фосилаи иҷтимоӣ имкон надоранд, низ чунин режим дар амал мебошад.
Тӯли 2 ҳафта дар Белгия шумори мубталоёни коронавирус 182 дарсад афзоиш ёфтааст. То ҳол беш аз 190 ҳазор сокини Белгия гирифтори COVID-19 шудаанд. 10 327 нафар бемор фавтидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ