Месси, Салоҳ, Неймар ва Азар… Дар бораи бозигарони машҳуре, ки нархи трансферашон якбора поин рафтааст


Чанд муддатест, ки мавсими трансфер дар Аврупо ба поён расид. Портали мустақили Transfermarkt арзиши беҳтарин бозигарони қитъаи кӯҳнаро нав мекунад. Дар ҳоле ки ҷавонони аз 17 то 20-сола ба мисли Ансу Фати гарон мешаванд, бозигарони машҳур ба таври назаррас арзонтар мешаванд. Ҳамин тавр, дар ин ҷо якчанд бозигарони машҳуре ҳастанд, ки нархҳояшон бо сабабҳои гуногун паст фаромадаанд.

Садио Мане «Ливерпул»
30 миллион евро арзон шудааст
(Аз 150 миллион ба 120 миллион)

Бозигари сенегалӣ мавсими 2019/2020-ро бо рӯҳияи баланд гузаронид: вай дар ҳайати «сурхҳо» 47 бозӣ гузаронида, 22 гол ва 12 маротиба тӯпдарозкуниро ба анҷом расонид. Шумо мегӯед, ки барои чӣ нархи он коҳиш ёфтааст? Сабабаш пандемияи коронавирус аст! Дар баҳори соли 2020, Transfermarkt эълом карда буд, ки нархи бозигарон вобаста ба синну солашон 10-20 фоиз коҳиш меёбад. Садио танҳо панҷяки арзиши худро гум кард. Илова бар ин, нишондиҳандаҳо самарадории ӯ аз аввали мавсим коҳиш ёфтанд — дар 9 бозӣ ҳамагӣ 4 гол.

Гарри Кейн «Тоттенҳэм»
30 миллион евро арзон шудааст
(Аз 150 миллион ба 120 миллион)

Он чизе, ки бо Мане рӯй додааст, дар Кейн ҳам ҳаст. Арзиши он бо сабаби бӯҳрон дар бозори трансфер коҳиш ёфт. Ғайр аз ин, сардори Тоттенҳэм моҳи январ бо сабаби ҷароҳат майдонро тарк кард ва танҳо дар моҳи июн ба майдон баргашт. Аз тарафи дигар, Гарри омори аҷиби мавсими 2020/2021 қайд мекунад: 8 бозӣ, 8 гол ва 7 партофтан. Агар ӯ тамоми мавсим ҳамин тавр бимонад, ӯ бори дигар қиймати худро ба боло мебарад.

Муҳаммад Салоҳ «Ливерпул»
30 миллион евро арзон шудааст
(Аз 150 миллион ба 120 миллион)

Бояд эътироф кард, ки пас аз мавсими хуби соли 2017/2018, Салоҳ каме суст шуд. Он гоҳ ӯ дар 52 бозӣ 44 гол зада, инчунин 16 партофти головар анҷом дода буд. Мисрӣ вақтҳои охир муносиби 150 миллион евро бозӣ кардан наметавонад.

Кевин де Брюйне «Манчестер Сити»
30 миллион евро арзон шудааст
(Аз 150 миллион ба 120 миллион)

Нархи нави Кевин де Брюйне бисёриҳоро ба ҳайрат овард. Зеро бо вуҷуди фаъолияти бомуваффақияти нимҳимоятгар дар соли гузашта, ба ҷои боло рафтан афтод. Кевин, бар хилофи футболбозони дар боло номбаршуда, афзоиши бузурге нишон дод. Де Брюйне бо 13 гол ва 20 партофташ беҳтарин бозигари мавсими 2019/2020-и Премер Лига буд. Дар ин бора масъулони Transfermarkt шарҳ медиҳанд, ки арзиши футболбозони беҳтарин, ки 100 миллион евро ва аз он боло арзиш доранд, чанд муддат бетағйир боқӣ мемонанд. Илова карда шуд, ки ин ба вокуниши бозори трансфер ба бӯҳроне, ки пандемияи коронавирус ба вуҷуд овардааст, вобаста аст. Ҳамин тариқ, гарчанде ки де Брюйне мавсимро ба дараҷаи олӣ гузаронида бошад ҳам нархи ӯ боло нарафт.

Раҳим Стерлинг «Манчестер Сити»
32 миллион арзон шудааст
(Аз 160 ба 128 миллион)

Дар тӯли се соли охир Стерлинг ҳамон як бозии сатҳи олиро намойиш мекунад ва дар ҳар мавсим ҳадди аққал 40 иқдоми самаранок анҷом дода истодааст. Маълум мешавад, ин барои Transfermarkt кифоя нест. «Ба нархи бозигар на танҳо сифати бозии он таъсир мерасонад. Балки рӯйихати нархҳо аз рӯйи талабот ба бозигар ҳам тартиб дода шудааст”, — шарҳ дод вакили портал ба суоли дар бораи Раҳим. То ҳол танҳо «Реал» ба ӯ хоҳишманд аст, аммо «Манчестер Сити» яке аз пешсафони худро ба ивази «128 миллионак» раҳо карданаш амри маҳол аст.

Неймар ПСЖ
32 миллион
(Аз 160 ба 128 миллион)

Арзиши Неймар ба пойин фаромадан идома дорад. Яке аз сабабҳои асосии ин дар он аст, ки ӯ дар Лигаи 1 бозӣ мекунад, ки дар поён аз дигар чемпионатҳои пешбар оварда шудааст. Илова бар ин, самаранокии Неймар мисли пештара нест. Дуруст аст, ки Неймар дар вақтҳои охир бо захмҳо «наздикӣ пайдо кардааст»: дар тӯли се сол (дар Фаронса) ӯ қариб 400 рӯзро дар берун аз майдон гузаронд. Барои муқоиса, дар «Барселона» ин рақам ду маротиба камтар буд.

Антуан Гризманн «Барселона»
40 миллион
(Аз 120 ба 80 миллион)

Ба назар мерасад, ки аз «Атлетико» ба «Барселона» гузаштани Гризманн бузургтарин иштибоҳи кариераи ӯст. Ба ҳар ҳол ҳоло чунин аст. Гризманн ягон умеди интизории мухлисони каталониро дар мавсими аввалин

и худро иҷро накард. Мавсими дуюм метавонад ба барқароршавии Гризманн кӯмак расонад. Аммо, Антуан ӯро низ номуваффақ оғоз кард: ӯ дар 3 бозии аввали Ла Лига на гол овардааст ва ё на партофти головар накардааст. Вақт нишон медиҳад, ки тақдири ояндаи он чӣ тавр мешавад.

Лионел Месси «Барселона»
40 миллион
(Аз 140 миллион ба 100 миллион)

Месси, ки ҳоло 33 сол дорад, аммо ҳаракатҳои ӯ ҳанӯз ҳам сазовори эҳтиром ва таъриф аст. Лекин, ин ҳам синну солест, ки қиммати онро ба шиддат поин кард. Барои муқоиса, нархи трасфери Криштиану Роналду аллакай 60 миллион евроро ташкил медиҳад, гарчанде ки ӯ аз Лео ҳамагӣ ду сол калон аст. Тобистони гузашта, Transfermarkt Роналдуро ба 90 миллион евро арзёбӣ карда буд. Мессиро ҳам низ ояндаи чунин интизор аст.

Кепа Аррисабалага «Челси»
42 миллион
(Аз 60 миллион ба 18 миллион)

Ин испониёӣ ба маънои аслӣ дар «Челси» ба нокомӣ дучор шуд. «Аристократҳо» барои Keпа, ки 80 миллион евро сарф карда буданд, ҳамчун пуфаки дар осмон буда нопадид шуд. Хатогиҳои Кепа аллакай назаррас шуда мондаанд: ӯ бо хатогиҳои дағалонааш қариб дар ҳама вохӯриҳо гол ба дарвозаи худ «тӯҳфа мекунад». Челси ба ҷойи он дарвозабони навро бо номи Эдвард Мэнди дарёфт кард. Ҳоло бисёриҳо дар ҳайратанд, ки — ба Keпa чӣ мешавад?

Эден Азар «Реал»
60 миллион евро
(Аз 120 миллион то 60 миллион)

Вақте, ки Роналдо ба Турин рафт, Флорентино Перес бояд ба ҷойи он ситорае меовард, ки ӯро аз ҳар ҷиҳат ҷойгузин кунад ва инчунин кард, ситора оварда шуд. Эден Азар ҳамчун яке аз қавитарин бозигарони ҷаҳон ба «Реал Мадрид» пайваст. Аммо, бо омадааш ӯ ҷароҳат гирифт. Ва баъд аз муддате боз ҷароҳати дигар. Дар натиҷа, Азар дар шаш моҳи нопурра дар лагери «Реал» чаҳор маротиба ҷароҳатнок шуд. Тибқи иттилои расонаҳои испанӣ, Эден ҳоло аз боз ҷароҳат гирифтан метарсад, ки ин ҷараёни шифо ёфатани ӯро ба қафо меандозад. «Реал» ҳатто барои он рӯҳшинос таъин кардааст, то дар рафъи тарс ба ӯ кумак кунад. Ба зудӣ маълум мешавад, ки ин ба ӯ чӣ қадар кӯмак мекунад. Аммо дар ҳар сурат, ба сатҳи қаблӣ баргаштани Азар хеле мушкил аст.

Шаҳзод Кенҷаев

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ