Аврупо аз рӯи хатари коронавирус ба “минтақаҳои рангин” тақсим шуд


Чи тавре, ки дар оғози пандемия ҳудудҳои Ӯзбекистон аз рӯи вазъи эпидемиологӣ ба минтақаҳои сабз, зард ва сурх тақсим шуда буд, Аврупоро низ ҳоло чунин тақсим карданд. Аврупо аз ҷиҳати хатари коронавирус ба чор минтақа – сабз, зард, хокистарӣ ва сурх тақсим шуд.
Дар харитаи махсус дар ҳоли ҳозир танҳо се кишвар – Норвегия, Финландия ва Юнонистон ранги сабз гирифтаанд. Кишварҳое, ки омори (статистика) 14 шабонарӯзи охирашон ба сари ҳар 100 ҳазор нафар то 25 бемор аст ва натиҷаҳои мусбати тест то 4 дарсад аст, минтақаҳои сабз мебошанд.
Кишварҳое, ки дар 14 шабонарӯзи охир ҳамарӯза то 50 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус доранд, минтақаҳои зарданд. Италия, Кипр, Эстония, Литва ва Латвия кишварҳои зард ҳастанд.
Олмон, Шветсия, Австрия, Дания ва Исландия ранги хокистарӣ доранд. Ин ранг далели он аст, ки Иттиҳоди Аврупо дар бораи натиҷаҳои тест дар ин кишварҳо маълумоти кофӣ доранд.
16 кишвари боқимондаи Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла, Фаронса, Белгия, Испания, Полша дар харита бо ранги сурх нишон дода шудаанд. Дар ин кишварҳо тӯли 2 ҳафтаи охир ҳамарӯза дар миёни ҳар 100 ҳазор нафар беш аз 50 нафар мубталои коронавирус сабт мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ