Иқтисод

Модернизатсияи иқтисодиёт

асоси пешрафти мамлакат аст

Дар дунё мамлакатҳое, ки муваффақиятҳои илму фанро дар амалиёт васеъ истифода бурда, барномаҳои инкишофи технологияҳоро таҳия ва иҷро намуда, тараққиёти ояндаи худро дар пояи мустаҳкам гузоштаанд, кам нестанд. Кореяи Ҷанубӣ яке аз чунин давлатҳо аст. Он дар солҳои 60-уми асри гузашта дар рӯйхати мамлакатҳои қашшоқ буд. Дар натиҷаи модернизатсияи иқтисодиёт ва инкишофи технологӣ ба яке аз мамлакатҳои тараққиёфта табдил ёфт. Мамлакати мо низ таҷрибаи дар ин самт андӯхтаро омӯхта, барномаҳои тараққиёти худро таҳия мекунад.
Президентамон дар Муроҷиатномаи худ ба Маҷлиси Олӣ оиди муаммоҳое, ки дар иқтисодиётамон ҷамъ шудаанд, ҳарф зада, дар қатори вазифаҳои устуворе, ки барои бартараф кардани ин хел муаммоҳо пешбинӣ шудаанд, лозим будани ғоя ва барномаи пурқуввати миллӣ, инкишофи технологӣ ва модернизатсияи бозори дохилиро алоҳида таъкид намуд.
Чунин барнома дар инкишофи илму фан, технология ва модернизатсияи иқтисодиётамон ҳиссаи бузург ҳамроҳ мекунад.
Дар даври ҳозира муҳити рақобати пурзӯр ва глобалишавӣ дар назди мамлакатҳо вазифаи сари вақт ва пайваста амалӣ намудани тағйиротҳои инноватсионӣ ва технологиро мегузорад. Ин ҷиҳатро ба инобат гирифта, дар диёрамон барои фаъолияти инноватсионӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд.
Ташкил шудани маркази «Mirzo Ulugbek innovation Center» ва вазорати инкишофи инноватсиониро оғози амалҳои мазкур гуфтан мумкин аст.
Танҳо бо чунин роҳ мамлакатамон тезтар ба сафи мамлакатҳои тараққиёфтаи ҷаҳон бароварда мешавад. Бояд қайд намуд, ки аз сабаби дар Ӯзбекистон хуб шудани муҳити инвеститсионӣ сармояҳои хориҷӣ бевосита ба соҳаҳо ва ҳудудҳо дохил мешаванд. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ бо иштироки инвеститсияҳои хориҷӣ амалӣ намудани 525 лоиҳа (377-то ҳудудӣ ва 148-то соҳавӣ) ба нақша гирифта шудааст.

Марат ҶАМОЛОВ, 
дотсенти Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ