Ардуғон: Туркия ҳеч гоҳ Қримро моли Русия ҳисоб намекунад


Раҷаб Ардуғон, раисҷумҳури Туркия таъкид кард, ки кишвараш ҳеч гоҳ Қримро ҳамчун як қисми Русия ҳисоб намекунад. Ӯ рӯзи 16 октябр дар музокираҳо бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ин ҳарфҳоро зад. Дар ин бора Регнум хабар дод.
Ардуғон гуфт, “Туркия ҳеч гоҳ ишғоли ғайриқонунии Қримро эътироф накарда буд ва нахоҳад кард. Мо бо Украина пуштибонии бародарони тоторҳои Қримро, ки унсури муҳимми робитаҳои таърихӣ ва инсондӯстонаи кишварҳои мо ҳастанд, идома медиҳем”.
Раисҷумҳури Туркия афзуд, ки кишвари ӯ барои сохтусози биноҳои истиқоматӣ барои тоторҳои Қрим дар қаламрави Украина ёрӣ мерасонад ва дар Киев лоиҳаи сохтусози масҷидро амалӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки Ардуғон баъди ҳар музокира бо роҳбарони Украина мавқеъияти Туркияро дар масъалаи Қрим ёдовар мешавад. Илова бар ин, зуд-зуд изҳороти Анқара дар бораи фишорҳо ба тоторҳо дар Қрим эълон мешавад.
Чанде пеш худи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия пешвои Туркияро ба Қрим даъват кард, то бинад, ки тоторҳо чи тавр зиндагӣ мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ