Эркинҷон Турдимов: “Китобхонаи таъмиршуда ба маскани ҳақиқӣ табдил меёбад

Эркинҷон Турдимов: “Китобхонаи таъмиршуда ба маскани ҳақиқӣ табдил меёбад


Китобхонаи ба номи Александр Сергеевич Пушкини Самарқанд, ки тақрибан дар муддати яку ним сол комилан бозсозӣ шуд, ба муносибати Рӯзи шаҳри Самарқанд ба истифода супурда шуд.
Дар маросими ифтитоҳ Азиз Абдуҳакимов, муъовини сарвазир, Эркинҷон Турдимов, ҳокими вилоят ва Ҳасан Нормуродов, раиси шӯъбаи Бунёди “Нуронӣ” дар вилоят иштирок карданд.
Эркинҷон Турдимов дар мусоҳиба бо хабарнигорон гуфт, ки ин китобхона барои самарқандиён маскани ҳақиқии зиё хоҳад буд.
Абдуҳакимов, Турдимов ва Нормуродов ба китобхона ID-кортҳои ифтихории худро супурданд.
Ин китобхона таърихи 109-сола дорад. Барои таъмиру бозсозии китобхона аз будҷаи маҳаллӣ 6 миллиарду 600 миллион сӯм сарф шуд.
Дар ҳоли ҳозир китобхона тақрибан 650 ҳазор дона китоб дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ