ДДС – яке аз се донишгоҳи беҳтарини Ӯзбекистон

ДДС – яке аз се донишгоҳи беҳтарини Ӯзбекистон

  • Post category:Ҷамъият


Инспексияи давлатии назорати сифати таълим феҳристи миллии донишгоҳҳои Ӯзбекистонро мунташир кард. Инспексия дар моҳҳои феврал-июни сол 57 донишгоҳро таҳлил кард ва бар асоси ҳолати 1 январи соли 2020 феҳристи донишгоҳҳоро тартиб дод.
Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, Донишкадаи муҳандисони мехазатсиясозии кишоварзиву обёрии Тошканд ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд се муассисаи беҳтарини таълими олии кишвар эътироф шуданд.
Мутахассисон дар соҳаҳои алоҳида низ донишгоҳи беҳтаринро эълон карданд.
Аз ҷумла, Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон дар соҳаи иқтисодӣ ва гуманитарӣ беҳтарин эътироф гардид.
Донишкадаи муҳандисони мехазатсиясозии кишоварзиву обёрии Тошканд дар миёни муассисаҳои таълими олии соҳаи техника ва кишоварзӣ дар паллаи якум ҷой гирифт. Боиси таассуф аст, ки Донишкадаи байтории Самарқанд ва Донишкадаи давлатии меъморӣ ва сохтусози Самарқанд дар поёни ин ҷадвал қарор гирифтанд.
Донишкадаи стоматологияи Тошканд дар соҳаи тиб беҳтарин эътироф шуд.
Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соҳаи санъат ва варзиш ҷойи аввалро касб кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ