Дар соли хониши 2020-2021 ҷамъ 240 нафар ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ ба муассисаҳои таълими олӣ қабул гардиданд

Дар соли хониши 2020-2021 ҷамъ 240 нафар ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ ба муассисаҳои таълими олӣ қабул гардиданд

  • Post category:Варзиш

Дар вилоят 2 адад Мактаб-интернати захираҳои олимпӣ, 5 Мактаби махсуси варзишӣ, 1 мактаби варзишии қаиқронӣ, 21 адад мактабҳои варзишӣ, Академияи футбол ва Мактаби профессионалии футболи “Динамо” фаъолият дорад.
Дар муддати сипаришудаи соли ҷорӣ 687 мусобиқаҳои варзишӣ ва тадбирҳои оммавии варзишӣ, 132-то мусобиқаҳои варзишии онлайн гузаронида шуда, иштироки беш аз 77 ҳазор нафар таъмин карда шуд.
Ғайр аз ин, дар соли хониши 2020-2021 ҷамъ 240 нафар ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ ба муассисаҳои таълими олӣ (ғайр аз самти тиббӣ) қабул гардиданд.
Инчунин, бино ба ҳолати 1-уми октябри соли 2020 варзишгарони вилоят дар чемпионатҳои Ӯзбекистон 30 медали тилло, 17 медали нуқра ва 48 медали биринҷӣ, дар чемпионатҳои Осиё 1 медали тилло, 5 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ ва дар турнирҳои байналхалқӣ 2 медали тилло, 2-то нуқра ва 4-то медали биринҷиро ба даст оварданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ