Кӯпруки нав Самарқандро бо ноҳияҳои Оқдарё ва Ҷомбой мепайвандад


Пуле, ки дар болои Оқдарё дар маҳаллаи Ширини шаҳри Самарқанд сохта шуд, ба ҷашни рӯзи Самарқанд тӯҳфаи муносиб шуд. Дар маросими ба истифода додани пул Эркинҷон Турдимов, ҳокими вилоят иштирок кард.
Ширкати давлатии »Самарқанд йўллардан мунтазам фойдаланиш» ин пулро бунёд кард. Арзиши он 3,5 миллиард сӯм аст. Дарозии пул 90 метр, васеъии он 7,5 метр буда тавони бардошани 100 тонна борро дорад.
Дар атрофи пул бо дарахтҳову гулҳо ороиш ёфтааст.
Барои рӯшан кардани пул дар шаб 15 симчӯб насб шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ