Олимони коллеҷи Лондон нишонаи нави бемории коронавирусро муайян карданд

Олимон нишонаи нави бемории коронавирусро муайян кардаанд, ки метавонад аз гирифтор будани шахс ба COVID — 19 шаҳодат диҳад.
Дарди гӯш метавонад нишонаи гирифторӣ ба COVID — 19 бошад, хабар медиҳад Daily Express бо такя ба олимони коллеҷи Лондон.
Қайд мешавад, ки бархе аз беморон аз тиннитус — овоз дар гӯш шикоят кардаанд.
Дар баробари ин одамоне, ки бемориро вазнин паси сар кардаанд, пурра аз шунавоӣ маҳрум мондаанд.
Дар ин росто, олимон аз пизишкон даъват кардаанд, ба бемороне, ки аз дарди гӯш шикоят мекунанд, махсус диққат диҳанд.
Дар баробари ин олимон қайд мекунанд, ки агар бемор танҳо тиннитус эҳсос карда бошад, пас боке нест ва танҳо дар сурати якҷо будан бо дигар нишонаҳои коронавирус, метавонад боиси изтироб гардад.
Ёдрас мешавем, ки то имрӯз нишонаҳои бемории коронавирус — табларза, сулфа, насафтангӣ, эҳсос накардани бӯй ва дарди гулӯ шинохта шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ